Кишварҳои мададрасон ҳаҷми кумаки башардӯстонаро ба Тоҷикистон 2,1 баробар зиёд карданд

Давоми моҳҳои январ-ноябри соли ҷорӣ Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди 94,8 млн доллар кумаки башардӯстона гирифт, хабар медиҳад Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурӣ. Ин миқдор 2,1 баробар зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 аст, ки он замон ҳаҷми умумии кумак дар ифодаи пулӣ ҳудуди 45,2 млн долларро ташкил дода буд. Дар зарфи 11 моҳи соли […]

Давоми моҳҳои январ-ноябри соли ҷорӣ Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди 94,8 млн доллар кумаки башардӯстона гирифт, хабар медиҳад Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурӣ.

Ин миқдор 2,1 баробар зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 аст, ки он замон ҳаҷми умумии кумак дар ифодаи пулӣ ҳудуди 45,2 млн долларро ташкил дода буд.

Дар зарфи 11 моҳи соли равон вазни умумии кумаки расида андаке бештар аз 28,5 ҳазор тоннаро ташкил дод. Ҳамин давраи соли гузашта он ба каме бештар аз 19,2 ҳазор тонна баробар буд.

Дар моҳҳои январ-ноябри соли ҷорӣ Тоҷикистон аз 61 кишвари саросари дунё кумак дастрас намуд, ки 1 кишвар бештар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 аст.

Кишвари асосии мададрасони Тоҷикистон чун дар соли гузашта Чин боқӣ мемонад, ки дар зарфи 11 моҳ ба ҷумҳурии мо ба маблағи 35,2 млн доллар кумак кардааст.

Ҳиссаи Чин дар маблағи умумии кумаки башардӯстонаи ба Тоҷикистон дастрасшуда 30,7%-ро ташкил медиҳад.

Байни кишварҳои мададрасон вазни қиёсии бештар аз лиҳози арзиши кумаки башардӯстона ба ИМА – 16,7%, Русия – 10,5%, Ҳиндустон– 5,7%, Ҷопон – 5,2%, Ҷумҳурии Корея – 4,8%, Туркия – 3,7%, Қазоқистон – 4,0%, Ӯзбекистон – 3,1%, Нидерланд – 2,2%, Олмон – 1,8%, Италия ва Белгия – 1,2%-ӣ, Швейтсария – 1,0%  ва дигар кишварҳо рост меояд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.