Рустами Эмомалӣ ба парвариши муваққатии чорво дар баъзе минтақаҳои шаҳр иҷоза дод

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мақсади таъмини бозорҳои пойтахт бо гӯшт ва маҳсулоти ширӣ, инчунин дар ин замина муътадил нигоҳ доштани нархи маҳсулоти аввалия, ба парваришу нигоҳубини чорво дар дар баъзе минтақаҳои шаҳр иҷоза дод. Тавре ки дафтари матбуоти шардории пойтахт хабар медиҳад, дар ин хусус зимни иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе […]

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мақсади таъмини бозорҳои пойтахт бо гӯшт ва маҳсулоти ширӣ, инчунин дар ин замина муътадил нигоҳ доштани нархи маҳсулоти аввалия, ба парваришу нигоҳубини чорво дар дар баъзе минтақаҳои шаҳр иҷоза дод.

Тавре ки дафтари матбуоти шардории пойтахт хабар медиҳад, дар ин хусус зимни иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати шашум тасмим гирифта шуд.

“Раиси шаҳр зикр кард, ки танҳо бо мақсади таъмини бозорҳои пойтахт бо маҳсулоти гӯштӣ ва ширӣ инчунин дар ин замина муътадил нигоҳ доштани нархи маҳсулоти аввалия пешниҳод гардид, ки то мутобиқ гардонидани ҷамоатҳои воридгардида ба талаботи шаҳрдорӣ, нигоҳдории чорвои калони шохдор, чорвои хурд ва парранда, инчунин дигар ҳайвоноте, ки барои рушди сайёҳӣ нигаронида шудаанд, муваққатан ба муҳлати ду сол иҷозат дода шавад”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, вакилон дар кори иҷлосия масъалаи танзими парвариш ва нигоҳдории ҳайвонот дар баъзе минтақаҳои шаҳри Душанберо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор додаанд.

Рустами Эмомалӣ изҳор доштааст, ки аз ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 7,6 ҳазор гектар замин ва 70 маҳалла ворид гардиданд, ки дар аксари хоҷагиҳои шаҳрвандон чорвои калони шохдор, чорвои хурд ва парранда, инчунин дигар ҳайвонот парвариш карда мешавад.

Ҳамчунин дар иҷлосия доир ба таҳияи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дастуру супоришҳо дода шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.