Додгоҳи Маскав қарори ихроҷи размикори ММА Чоршанбиевро аз Русия тасдиқ кард

Додгоҳи шаҳри Маскав рӯзи 29 декабр қарори ихроҷи блогери тоҷик ва размикори риштаи ММА, инчунин ронандаи дӯстдори суръати баланди ҳаракати хатарнок дар автомашина Чоршанбе Чоршанбиевро қонунӣ эътироф намуд. Дар ин бора РИА Новости бо истинод ба хадамоти матбуоти додгоҳ хабар медиҳад. Гуфта мешавад, аввали моҳи декабр ӯ ба нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ айбдор дониста […]

Додгоҳи шаҳри Маскав рӯзи 29 декабр қарори ихроҷи блогери тоҷик ва размикори риштаи ММА, инчунин ронандаи дӯстдори суръати баланди ҳаракати хатарнок дар автомашина Чоршанбе Чоршанбиевро қонунӣ эътироф намуд. Дар ин бора РИА Новости бо истинод ба хадамоти матбуоти додгоҳ хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, аввали моҳи декабр ӯ ба нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ айбдор дониста шуда, ба ӯ ҷазои 5 ҳазор рубл ҷарима бо ихроҷи маъмурӣ ба берун аз ҳудуди Русия таъин шуд.

“Қарори додгоҳи Останкинои Маскав бидуни тағйир гузошта шуда, шикояти таҷдиди назар қонеъ карда нашуд”, – гуфтааст ҳамсуҳбати хабаргузорӣ.

Ба ин тариқ, қарори суд бояд дар ояндаи наздик иҷро шавад.

Чоршанбиев ихроҷашро дар Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ дар Сарраёсати ВКД дар шаҳри Маскав мунтазир аст.

Ёдрас мекунем, ки Чоршанбиевро 3 декабр барои хатарнок рондани мошин боздошт карданд. Варзишгар навори видеои яке аз лаҳзаҳои рондани автомашинаро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кард, ки дар он блогер сари чанбараки Toyota Camry бо нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар нақби Лефортово мошин меронад.

Нисбати Чоршанбиев мутобиқи моддаи 18.8 (Аз ҷониби шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандӣ вайрон кардани қоидаҳои вуруд ба Русия ё реҷаи будубош (иқомат) дар Русия) санади маъмурӣ тартиб дода шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.