Гуруҳи 44 дар Хоруғ аз мақомот хостанд, ки дар телевизион барояшон иҷозаи суханронӣ диҳанд

Asia-Plus

Дар пасманзари барномаву филмҳои зиёд дар телевизиони «Бадахшон» дар мавриди ҳаводиси ахир, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз мақомот  талаб карданд, ки 30 дақиқа вақти ин телевизиони маҳаллиро дар ихтиёри онҳо бигузорад.

Ин муроиҷатро ин намояндаҳои ҷомеаи шаҳрвандии ВМКБ рӯзи 29-уми декабр ирсол кардаанд.

Хуҷамрӣ Пирмамадов, сухангӯйи Гуруҳи 44 ба «Азия-Плюс» хабар дод, ки барномаву филмҳои зиёде, ки имрӯзҳо дар шабакаи давлатии маҳаллии «Бадахшон» намоиш дода мешаванд ва нооромиро дар ҷомеа ба бор меоранд далел шудааст, ки онҳо ба иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят Алишер Мирзонабот, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон Нуриддин Саид ва раҳбарии Раёсати телевизион ва радиои ВМКБ Муфарраҳи Шодӣ муроҷиат кунанд, ки 30 дақиқа вақт барои суханронӣ ба онҳо дар ин шабака ҷудо карда шавад.

«Дар робита ва вазъи баамаломада дар ВМКБ ва дастрас набудани интернет вас ар задани ҳар гуна сару садоҳо дар ҷомеа, мо, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ зарур медонем, ки тавассути ТВ «Бадахшон» баромад кунем ва нуқтаи назари худро дар бораи вазъи ҳозира баён карда, аз сокинон даъват кунем, ки ба ҳар гуна овозаҳо бовар накунанду ба зиндагии муқаррарии худ идома диҳанд.

Мо бовар дорем, ки баромади мо ба идомаи тақвияти субот дар ҷомеа мусоидат мекунад, аз ин рӯ, мо мехоҳем 30 дақиқаи вақти ТВ «Бадахшон» дар ихтиёри мо гузошта шавад. Мо муътақидем, ки дар ҷомеаи мо озодии баён вуҷуд дорад ва ҳар шахс метавонад нуқтаи назари худро озодона баён кунад»,-матни муроҷиатро иқтибос кард Пирмамадов.

Ба гуфтаи Пирмамадов, посухи муроҷиати худро онҳо дар давоми се рӯз мунтазир мешаванд.

Талошҳои "Азия-Плюс" барои ба даст овардани нуқтаи назари ҳукумати ВМКБ, Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумат ва Раёсати телевизион ва радиои ВМКБ бидуни натиҷа анҷом ёфт.

Раиси идораи телевизион ва радиои ВМКБ дар як тамоси кӯтоҳи телефонӣ нахост ин мавзуъро шарҳ диҳад.

Ҳамчунин Пирмамадов  таъкид кард, ки онҳо ба муроҷиати қаблияшон ба унвони раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ то кунун посухе нагирифтаанд.

Бояд гуфт, ки муроҷиати видеоии ин гуруҳ ба раиси палатаи болоии парлумон 19-уми декабр сурат гирифта буд, ки дар он аз Рустама Эмомалӣ хоста буданд, ки вазъиятро аз назорати сохторҳои қудратӣ берун кунад ва шахсан онро мудирият кунад, зеро амалкарди сохторҳои қудратӣ  метавонад сулҳу оромӣ дар вилоятро халалдор кунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...