Бар асари фаромадани 14 тарма ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи Душанбе-Чанок қатъ шуд

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар шоҳроҳи мошингарди Душанбе-Чанок 14 ҳодисаи фаромадани тарма ба қайд гирифта шуда, ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи он боздошта шуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз филиали IRS, ки корҳои хидматгузории ин роҳро ба уҳда дорад.

Ба иттилои манбаъ, айни замон роҳ муваққатан баста шуда, аз барф тоза ва бо маводи зиддилағжиш коркард мешавад.

Дар ширкат зикр карданд, ки тармаи бузургтарин дар километри 65-уми роҳ фаромадааст, ки зиёда аз 15 метр баландӣ ва ҳудуди 300 метр паҳноӣ дорад.

“Аз ин рӯ, дар мувофиқа бо кормандони Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Тоҷикистон тасмим гирифта шуд, ки ҳаракати воситаҳои нақлиёт то бартараф намудани оқибатҳои тармафароиҳо қатъ карда шавад”, – гуфтанд дар ширкат.

Дар IRS ҳамчунин хабар доданд, ки пас аз тозакунии қитъаи роҳи аз 62 то 72-ум километр, 25 автомашинаи дар ин қитъа дармонда ба Душанбе раҳсипор шуданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...