Боз ҳам аввалин. Тоҷикистонӣ дуртарин нуқта аз маркази заминро фатҳ кард

Дар арафаи Соли нав кӯҳнавард ва сайёҳи маъруф аз Тоҷикистон Виталий Хинензон қуллаи баландтарини Эквадор – Чимборасоро фатҳ кард. Ин қулла ҳамзамон дуртарин нуқта аз маркази замин маҳсуб меёбад. Нияти фатҳи ин қулларо, ки 6310 метр баландӣ дорад, Виталий ва ҳамтоҳояш аз бошгоҳи сайёҳии “Кулуар” вақти сафар ба вулқони Орисаба дар Мексика ба нақша гирифтанд. […]

Дар арафаи Соли нав кӯҳнавард ва сайёҳи маъруф аз Тоҷикистон Виталий Хинензон қуллаи баландтарини Эквадор – Чимборасоро фатҳ кард. Ин қулла ҳамзамон дуртарин нуқта аз маркази замин маҳсуб меёбад.

Нияти фатҳи ин қулларо, ки 6310 метр баландӣ дорад, Виталий ва ҳамтоҳояш аз бошгоҳи сайёҳии “Кулуар” вақти сафар ба вулқони Орисаба дар Мексика ба нақша гирифтанд.

Дастаи байнулмилалӣ иборат аз кӯҳнавардони Русия, Украина, Латвия ва Тоҷикистони бошгоҳи “Кулуар” 24 декабр ба Чимборасо рахти сафар баста, шаби 31 декабр қуллаи вулқонро фатҳ намуданд.

Чимборасон вулқони хомӯшшуда ба нуқтаи баландтарини Эквадор мебошад. Чандин садсолаҳо пеш онро қуллаи баландтарин дар сайёра замин медонистанд. Ҳар як кӯҳнаварде, ки ба касбаш эҳтиром дорад, фатҳи ин қулларо вазифаи худ мешуморад.

Ёдрас мекунем, ки тобистони соли 2021 ҷаҳонгард Виталий Хинензон аввалин шуда аз тоҷикистониён қуллаи баландтарини сайёра Ҷамолунгма (Эверест)-ро фатҳ кард. Баландии ин қулла 8848 метр аст.

Виталий ҷашонгарди соҳибтаҷриба буда, ҳанӯз аз овони донишҷӯйӣ ба сайёҳии кӯҳӣ ва кӯҳнавардӣ машғул аст. Ӯ дар сафари фатҳи қуллаҳо дар Қафқозу Помир иштирок карда, ба фатҳи қуллаҳои баландиашон 5 ҳазор метрии Казбек, Элбрус ва 7 ҳазор метрии Исмоии Сомонӣ, Сино ва Озодӣ (собиқ Ленин, Коммунизм ва Корженевский) ноил гардидааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.