Ба роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистону Чин 30 сол пур мешавад

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 3 январ намояндаи вежаи Шӯрои давлатии Ҷумҳурии  Мардумии Чин оид ба масъалаҳои АвруОсиё Ли Хуэйро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, вохӯрии  мазкур дар остонаи 30-юмин солгарди барқарории  муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва Ҷумҳурии  Мардумии Чин, ки як рӯйдоди муҳим дар таърихи муносибатҳои ду […]

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 3 январ намояндаи вежаи Шӯрои давлатии Ҷумҳурии  Мардумии Чин оид ба масъалаҳои АвруОсиё Ли Хуэйро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, вохӯрии  мазкур дар остонаи 30-юмин солгарди барқарории  муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва Ҷумҳурии  Мардумии Чин, ки як рӯйдоди муҳим дар таърихи муносибатҳои ду кишвари дӯст мебошад,  баргузор гардид.

“Ҷонибҳо дар мулоқот таъкид намуданд, ки  Чин яке аз аввалин кишварҳо буд, ки  4 январи 1992  истиқлолият ва соҳибихтиёрии Тоҷикистонро эътироф кард ва ин  имкон дод, то  дар муддати кӯтоҳтарин муносибатҳои неки ҳамсоягӣ, дӯстона ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи мутақобилан судманд дар соҳаҳои гуногун барқарор карда шаванд”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, онҳо бо қаноатмандӣ  зикр карданд, ки дар давоми се даҳсола муносибатҳои ду кишвари дӯст роҳи тӯлониро тай намуда, пур аз рӯйдодҳои муҳим буданд ва ба шарофати талошҳои муштарак ба сатҳи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ расиданд.

Дар мулоқот ҷонибҳо инчунин масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, зарурати амалисозии тавофуқоти роҳбарони ду кишварро бобати тақвият бахшидани ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Чин дар соҳаҳои мухталиф таъкид намуданд. Ба тавсеа ва таҳкими баъдии робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва илмию техникӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноату энергетика ва фарҳангу маориф таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.

Инчунин дар масъалаҳои марбут ба тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Чин  дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва вазъи амнияти минтақа табодули афкор сурат гирифт.

Зикр мегардад, ки сафари Намояндаи вежаи Шӯрои давлатии Ҷумҳурии  Мардумии Чин оид ба масъалаҳои АвруОсиё Ли Хуэй ба Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар чаҳорчӯби чорабиниҳо бахшида ба таҷлили 30-юмин солгарди барқарории муносибатҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин бо кишварҳои минтақа баргузор гардид.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.