Фатвои нави “Толибон”: “манекенҳоро сар бизанед”

Asia-Plus

Вазорати амри бар маъруф ва наҳӣ аз мункари ҳукумати Толибон дар Афғонистон ба дӯкондорони бозору марказҳои саводо дастур додаанд, ки "манекен" ё худ арӯсакҳоро аз назди дӯконҳояшон ё дур кунанд ё онҳоро сар бизананд. 

Дар пайи ин дастури толибон дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори видеоии кӯтоҳе нашр шудааст, ки як тоҷир дар дӯконаш сари "манекен"-ҳоро мебурад. Нашрияи "8 субҳ" бо нашри ин видеои кӯтоҳ гуфтааст, ки макони ин видео маълум нест.

Аммо нашрия навиштааст, ки "чанд рӯз пеш Вазорати амри бар маъруф ва наҳӣ аз мункари ҳукумати Толибон ба дӯкондорон дар чандин вилоят дастур дод, ки манекенҳоро бояд аз пеши ветрини дӯконҳояшон дур кунунд ё сар бибуранд".

Баъзе аз фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд, ки ин видео дар вилояти Ҳирот рӯйи навор омадааст.

Ҳукумати Толибон баъди ба қудрат расидан дар Кобул қавонини сахтгиронаеро ҷорӣ кардаанд, ки дар ҷомеаи Афғонистон "тафсири толибон аз  ислом" унвон мешавад. 

Аз ҷумла чанде пеш як фармон ё дастури хоси раиси ё амиралмуъминини ҳукумати толибон Мулло Ҳайбатуллоҳ Охунд содир шуд, ки ҳуқуқи занҳо дар Афғонистонро мушаххас мекард. 

Дар ин фармон, ки бо хитоб ба ҳама масъулини аморати исломӣ, уламо ва бузургони қавмӣ дар Афғонистон содир шудааст, дастур дода мешавад, ки барои таъмини ҳуқуқи занон иқдомоти ҷиддӣ кунанд.

Бар асоси фармони раиси толибон, "ризояти духтарони болиғ дар аснои никоҳ зарурӣ аст". Раиси толибон гуфтааст, ки ҳеч касе бо ҷабр наметавонад занро барои никоҳ  маҷбур кунад. 

Дар банди дувуми ин фармон гуфта мешавад, ки "зан мол нест, балки инсони асил ва озод аст ва ҳеч касе онро дар бадали сулҳ дода наметавонад".

Банди сеи ин фармон дар мавриди ҳуқуқи зан пас аз мурдани шавҳараш аст, ки акнун тибқи ин фармони толибон, пас аз вафоти шавҳар ва гузаштани давраи шаръӣ (чаҳор моҳу 10 рӯз)  зани бевамондаро на бародари шавҳараш ба никоҳ дароварда метавонад ва на каси дигаре. Толибон дар ин маврид, зани бевамондаро барои таъини сарнавишт ва никоҳи худ, соҳибихтиёр эълон кардаанд. 

Пештар аз ин Вазорати ҳаҷҷу авқофи ҳукумати сарпарасти "Толибон" дастурҳое содир карда буд, ки занҳо дар Афғонистон чӣ гуна либос метавонанд бипӯшанд ва пӯшидани чӣ либосе манъ аст. 

"Занони мусалмон набояд ба гунае либос бипӯшанд, ки барҷастагиҳои баданашон қобили ташхис бошад. Либоси зани мусалмон нозук ҳам набояд бошад, ки баданашон намоён шавад",-омада буд дар дастури ин вазорат.

Ин фармони толибон дар ҳолест, ки баъди ба қудрат расидани ин гурӯҳ дар Кобул, нигарониҳо ҳам дар сатҳи Афғонистон ва ҳам дар сатҳи ҷаҳон аз он аст, ки занҳо аз ҳаққи таҳсил маҳрум шудаанд ва толибон то кунун дидгоҳашонро дар бораи ҳақи таҳсили занон мушаххас накардаанд.

Сарфи назар аз қавонини сахтгиронаи толибон занҳо дар сар то сари Афғонистон борҳо даст ба эътироз задаанд ва аз толибон мехоҳанд, ки ҳуқуқҳои онҳоро барои таҳсил, кор ва дигар бахшҳо таъмин кунанд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...