Ҳушдори ВКХ ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар Қазоқистон: аз ҷойҳои серодам канорагирӣ намоед

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар робита ба вазъи амниятии Қазоқистон аз шаҳрвандони кишвар хоҳиш намуд, ки то пурра ба эътидол омадани вазъ аз сафар ба Қазоқистон худдорӣ намоянд. Ҳушдори мазкур дар сомонаи ВКХ Тоҷикистон нашр шудааст.

Манбаъ ҳамчунин, гуфтааст, сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Нур-Султон ва Консулгарии генералии кишвар дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон ба таври муқаррарӣ фаъолият менамоянд.

Ин ниҳод аз шаҳрвандони Тоҷикистоне ки дар Қазоқистон қарор доранд, хоҳиш намудааст, “ҳушёриро аз даст надода, аз ҷойҳои серодам канорагирӣ намоянд”.

ВКХ Тоҷикистон ба шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамчунин, тавсия додааст, ки дастуру ҳидоятҳои ҷоригардидаи низоми фавқулоддаро дар қаламрави Қазоқистон қатъиян риоя намоянд.

– Дар сурати ба мушкилӣ дучор гардидани шаҳрвандони Тоҷикистон, онҳоро зарур аст, ки фавран ба телефони шабонарӯзии Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Нур-Султон +77172240929 хабар диҳанд,- омадааст дар изҳороти ВКх Тоҷикистон.

Ёдовар мешавем, ки дар Қазоқистон рӯзи якшанбе алайҳи болоравии нархи гази моеъ эътирозҳои оммавӣ оғоз гардиданд. Гирдиҳамоиҳо нахуст дар шаҳри Жанаозени вилояти Мангистау оғоз гардида, сипас дар дигар шаҳрҳо идома ёфтанд.

Дар пасманзари эътирозҳо ҳукумати Қазоқистон ба истеъфо рафт. Дирӯз президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев изҳор дошт, ки Нурсултон Назарбоев дигар раиси Шӯрои амнияти кишвар нест.

Рӯзи 5 январ президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев изҳор дошт, ки дастандаркорони бетартибиҳо дар Қазоқистон “гуруҳҳои террористии аслан байнулмилалӣ буда, дар хориҷи кишвар аз тамрини ҷиддӣ гузаштаанд ва ҳамлаи онҳо ба Қазоқистон бояд як амали таҷовузкорона арзёбӣ шавад”.

Субҳи имрӯз, Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон бо нашри як изҳорот гуфт, ки Тоҷикистон дар доираи СПАД ба Қазоқистон неру мефиристад. Тибқи баъзе хабарҳо шумораи умумии сарбозҳо 200 нафарро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин, имрӯз, ВКХ Тоҷикистон гуфт, ки ин кишвар ривоҷи воқеаҳо дар Қазоқистонро пайгирӣ менамояд ва  аз пайдо шудани гурӯҳҳои яроқноки ғайриқонунӣ нигаронии амиқ менамояд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...