Дар Суғд падарандар ва як марди дигар дар таҷовузи ноболиғи 13-сола муттаҳам мешаванд

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд аз ошкор шудани ҷинояти таҷовуз ба номуси як духтари ноболиғи 13-сола хабар медиҳад. Дар ин ҷиноят падарандаи 31-солаи ин ноболиғ ва як ҷавони 34-сола ҳамчун гумонбар боздошт шудаанд, ки сокинони шаҳри Истаравшану ноҳияи Спитамен мебошанд.

Мақомоти милитсия дар гузориши телевизионии “Милитсия хабар медиҳад” гуфтааст, ки гумонбарон Ҳасан Аҳмадов, падарандари ҷабрдида ва Азизҷон Уралов мебошанд.

Манбаъ мегӯяд, кормандони шӯъбачаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои ахлоқии шуъбаи кофтукови ҷиноятии РВКД дар вилояти Суғд муштаракан бо мақомоти додситони Суғд ин ҷиноятро ошкор кардаанд. Гуфта мешавад ин ду гумонбар ба номуси ноболиғ дар шароитҳои гуногун таҷовуз кардаанд.

https://www.youtube.com/watch?v=2-wDdbDsrBs?t=92

Ҳасан Аҳмадов бошандаи ҷамоати деҳоти Зарҳалоли шаҳри Истаравшан буда, милитсия мегӯяд, “гумонбаршаванда моҳи декабри соли 2020 дар манзили истиқоматияш, воқеъ дар деҳаи Лакати ин шаҳр бо истифода аз тобеияти ноболиғи дар тарбияаш қарор дошта, ки муқобилият нишон дода наметавонад ва оқибати амалу рафтори худро сарфаҳм намеравад алоқаи ҷинсӣ намудааст”.

Ин қазияро Ҳабибулло Саидзода, муфаттиши додситони вилояти Суғд тафтиш дорад. Дар навори видеоӣ ӯ дар ҷойи ҳодиса бо суоли “Пас аз он, ки Шумо бо ноболиғ алоқаи ҷинсӣ намудед минбаъд чи гуна муносибат доштед. Ба якдигар ягон муносибати бадбинӣ хусумат доштед ё ҳамчун падару духтар муносибат мекардед?” пурсон шудааст.

Ҳасан Аҳмадов гуфтааст: “Баъд аз ин ман ба кор мерафтам ва аз кор меомадам қариби зимистон буд писараш дар ин ҷо духтараш дар он ҷо хоб мерафтанд. Ман доимо меомадам ва дар ин ҷо ҳамроҳи…дар байн хоб мерафтам. Меомадам худи бегонаҳо бо ман салому аллейк мекарду гап намезад”.

Гуфта мешавад, Ҳасан Аҳмадов соли 2020 бо модари ҷабрдида, ки бевазан буда аз оилаи якум соҳиби ду фарзанд мебошад тариқи никоҳи мусалмонӣ оила барпо кардааст.

Нафари дувуми гумонбар дар ин ҷиноят Азизҷон Уралов бошандаи ноҳияи Спитамен аз моҳи июл то августи соли 2021 дар шаҳри Бӯстон, кӯчаи Пушкина бо ноболиғи 13-сола ҳамзистиро ихтиёр карда, ҳамчун зану шавҳар муносибат намудааст.

“Гумонбаршавандаҳо дар баробари поймол кардани қадр ва намус саломатии ҷисмонӣ ва равонии ноболиғро зери хатар гузоштаанд. Исқоти ҳамл ва садамаи шадиди рӯҳиву равонӣ оқибати амали бадахлоқӣ нисбати ноболиғдухтар мебошад.”- гуфтааст, мақомоти милитсия

Феълан гуфта мешавад тафтиши қазияро додситонии вилояти Суғд пеш мебарад. Нисбати ин ду ҷавон бар пайи моддаи 138 қисми 3-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (таҷовуз ба номус) парвандаи ҷиноӣ боз шуда гумонбарон дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.

Ин моддаи қонун ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 12 то 25 сол ё ҷазои якумраи маҳрум сохтан аз озодиро пешбинӣ мекунад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Read more: https://asiaplus.news/tj/news/tajikistan/20220106/vao-toikiston-ba-azoiston-200-sarboz-mefiristad

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...