Ҷароҳат бардоштани шаш нафар аз як таркиш дар Ваҳдат

Дар  Маркази табобатиии «Оби шифобахш»-и  шаҳри Ваҳдат аз  гази «пропан», ки дар таркиби оби мазкур мавҷуд будааст,  таркиш ба амал омадааст.  Дар натиҷа 6 нафар  ҷароҳат  бардошта, дар беморхона бистарӣ гардиданд. Бино ба иттилои КҲФ, аз таркиши ногаҳонӣ  дар ҷамоати деҳоти А.Абдулвосиев, деҳаи Чилламазори Ваҳдат  чанд ҷойи бадани ин шаш нафар сӯхтааст,  вале то ҳол […]

Дар  Маркази табобатиии «Оби шифобахш»-и  шаҳри Ваҳдат аз  гази «пропан», ки дар таркиби оби мазкур мавҷуд будааст,  таркиш ба амал омадааст.  Дар натиҷа 6 нафар  ҷароҳат  бардошта, дар беморхона бистарӣ гардиданд.

Бино ба иттилои КҲФ, аз таркиши ногаҳонӣ  дар ҷамоати деҳоти А.Абдулвосиев, деҳаи Чилламазори Ваҳдат  чанд ҷойи бадани ин шаш нафар сӯхтааст,  вале то ҳол маълум нест, ки онҳо беморон буданд ва ё шаҳрвандони солим.

Ба иттилои манбаъ, дирӯз мутахассисони Озмоишгоҳи ҷумҳуриявии кимиёвӣ-радиометрии КҲФ ҳамроҳ бо намояндагони прокуратураи шаҳри Ваҳдат барои муайян намудани сабаби ин таркиш ва ташхиси таркиби оби шифо вориди ин Маркази табобатӣ шудаанд.

Ташхис нишон додаас, ки дар таркиби оби шифои табобатгоҳ гази “пропан” мавҷуд будааст. Инчунин иллати таркиш пурра омӯхта шуда истодааст. 

Таркиш соати 22:00 рӯзи 3-уми январи соли 2022 рух додааст.

 Хотиррасон мекунем , ки ПРОПАН (анг. Propane) аз ҷумлаи газҳои табиӣ буда, бӯй надорад, вале ба гази техникӣ метавонад унсурҳо ва пайвастагиҳое ҳамроҳ шаванд, ки газро бӯйдор кунанд.

Ва чун навъии газҳои карбогидридӣ сӯзанда ва инфиҷорёбанда мебошад. Чандон зиёд заҳролуд нест, вале ба системаи марказии асаб таъсири хатарнок дошта метавонад. Ин газ ҳамчунин метавонад дар  баъзе мавридҳо боиси заҳролудшавӣ, қайкунӣ шавад ва ҳатто ҳодисаҳои аз заҳролуд шудан ба ин газ, фавтидани одамон сабт шудаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.