Дилшод Назаров: “Дар Кумитаи варзиш мондану намондани манро президент ҳал мекунад”

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ Дилшод Назаров изҳор дошт, ки соли 2022 барои варзиши тоҷик яке аз солҳои калидӣ аз лиҳози омодагии варзишгарон ба Бозиҳои олимпии соли 2024 дар Париж маҳсуб меёбад.

“Гап сари он аст, ки давраи дарпешистода бар асари пандемияи коронавирус дар саросари ҷаҳон аз маъмулӣ кӯтоҳтар шуд. То Олимпиадаи Париж ҳамагӣ дувуним сол боқӣ монда, ворид намудани тағйирот дар нақшаҳои моро талаб мекунад”, – иброз дошт Назаров ба “Азия-Плюс”.

Моҳи декабри соли 2021 Дилшод Назаров яке аз муовинони президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон интихоб шуд.

Чун Кумита ташкилоти ҷамъиятист, варзишгари маъруф дар вазифаи худ дар Кумитаи варзиш боқӣ мемонад.

“Аз ин рӯ, хабарҳои бархе аз ВАО дар бораи гӯё аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш рафтани ман ягон асоси воқеӣ надоранд, – гуфт Дилшод Назаров. – Дар Кумитаи варзиш мондану намондани манро президент ҳал мекунад. Ин салоҳияти ӯст. Ба куҷое, ки ӯ мефиристад, ҳамон ҷо ба халқам хидмат мекунам. Ҳозир ва умуман имсол ман хеле серкорам. Барои варзишгарони ватанӣ имсол Бозиҳои Осиё дар Ханчжоу муҳиманд, ки тирамоҳ баргузор мешаванд. Ин бозиҳо ба мо ҳарчи бештар ҷиҳтаи омодагӣ ба Олимпиадаи соли 2024 кумак мекунанд”.

Дилшод Назаров ҳамчунин дар бораи натиҷаҳои соли 2021 дар бахши варзиши Тоҷикистон изҳори назар кард.

“Бо вуҷуди дар Олимпиадаи Токио соҳиби медал нашуданамон, солро метавон муваффақ арзёбӣ намуд, – зикр кард вай. – Натиҷаҳои ҷудокорон дар як қатор мусобиқаҳои байнулмилалӣ, пирӯзии Акмалиддин Каримов дар чемпионати ҷаҳонии самбо, баргузории як қатор мусобиқаҳои байнулмилалӣ дар Тоҷикистон оид ба футбол, теннис ва варзиши сабук умедворкунандаву хурсандиовар аст. Метавон бисёре аз варзишгарони ҷавонро номбар кард, ки Тоҷикистонро метавонанд дар Бозиҳои олимпии Париж баъди ду сол ба таври шоиста намояндагӣ кунанд”.

Ба гуфтаи Дилшод Назаров, айни замон бар асоси созишномаи сеҷониба байни Кумитаи варзиш, Кумитаи миллии олимпӣ ва федератсияҳои дахлдори навъи варзиш дар мавриди омодагии варзишгарон дар доираи давраи нави олимпӣ, ки дар натиҷаи аз соли 2020 ба соли 2021 гузаронидани Олимпиада кӯтоҳ шуд, корҳо бурда мешаванд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...