Токаев рӯйдодҳои Қазоқистонро кӯшиши табаддулоти давлатӣ номид

Дар ин дақиқаҳо нишасти онлайнии Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД), ки бо ибтикори раисиҷумҳури Қазоқистон даъват шудааст, ҷараён дорад. Нишасти сарони СПАД бо як дақиқа сукут ба ёди қурбониёни эътирозҳо дар Қазоқистон оғоз шуд. Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, изҳор дошт, ки Қазоқистон сахттарин бӯҳронро дар тамоми таърихи истиқлоли худ пушти сар гузошт. Ӯ рӯйдодҳои Қазоқистонро […]

Дар ин дақиқаҳо нишасти онлайнии Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД), ки бо ибтикори раисиҷумҳури Қазоқистон даъват шудааст, ҷараён дорад.

Нишасти сарони СПАД бо як дақиқа сукут ба ёди қурбониёни эътирозҳо дар Қазоқистон оғоз шуд.

Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, изҳор дошт, ки Қазоқистон сахттарин бӯҳронро дар тамоми таърихи истиқлоли худ пушти сар гузошт.

Ӯ рӯйдодҳои Қазоқистонро кӯшиши табаддулоти давлатӣ номида таъкид дошт, ки ҳадафи аслии террористҳо ба даст гирифтани қудрат буд.

“Роҳзанон пулисҳоро бо бераҳмии шадид лату кӯб карда, сари ду нафари онҳоро буриданд”, – иброз дошт сарвари давлати кишвари ҳамсоя.

Зимнан зикр шуд, ки задухӯрд дар гирду атрофи шуъбаи пулиси Алма-Ато ду шаб давом карда, ҷангҷӯён қасд доштанд ба пойтахти Қазоқистон ҳамла кунанд.

Дар робита ба қурбониёни ғайринизомӣ Токаев зикр кард, ки теъдоди онҳо мушаххас мешавад.

“Дар як лаҳза ҳодисаҳои Қазоқистон буҳронӣ шуда, Алма-Ато ва 9 маркази вилоят дар дасти террористон қарор гирифт”, – иброз дошт Токаев.

Ӯ изҳор намуд, ки ҷангҷӯён аз вуруди нерӯҳои посдори сулҳи СПАД ба Қазоқистон огаҳӣ ёфта, аз нақшаи тасарруфи қароргоҳи раисиҷумҳури Қазоқистон даст кашиданд.

Президенти кишвари ҳамсоя маълумот дод, ки айни замон 2,3 ҳазор неруҳои посдори сулҳи СПАД дар Қазоқистон мустақаранд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.