Русия фиристодани силоҳ ба Ҷабҳаи муқовимати зери раҳбарии Аҳмади Масъудро рад кард

Мария Захарова, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия, бо нашри хабарномае гузоришҳо дар бораи ирсоли силоҳ аз сӯйи Русия ба Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти раҳбарии Аҳмади Масъудро рад кардааст. Сухангӯи ВКХ Русия, дар ин иттилоия, ки рӯзи душанбе, 17 январ дар торнамои ВКХ Русия нашр шуд, иддаоҳо дар мавриди ирсоли силоҳи сохти Русия ба Ҷабҳаи муқовимат дар […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Мария Захарова, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия, бо нашри хабарномае гузоришҳо дар бораи ирсоли силоҳ аз сӯйи Русия ба Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти раҳбарии Аҳмади Масъудро рад кардааст.

Сухангӯи ВКХ Русия, дар ин иттилоия, ки рӯзи душанбе, 17 январ дар торнамои ВКХ Русия нашр шуд, иддаоҳо дар мавриди ирсоли силоҳи сохти Русия ба Ҷабҳаи муқовимат дар Панҷшерро ба "коршиносони русҳароси амрикоӣ" нисбат дод.

Вай гуфтааст: "Мо ба изҳори назари бархе аз коршиносони амрикоӣ-русофоб (русҳароси амрикоӣ), ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуда буд, дар бораи иддаъои интиқоли г аслиҳаи Русия ба Ҷабҳаи Муқовимати Миллии Афғонистон дар вилояти Панҷшер таваҷҷуҳ кардем".  

Ба гуфтаи Мария Захарова, Русия ба унвони кишвари тавлидкунандаи ин аслиҳа нишон дода шудааст.

Сухангӯи ВКХ Русия гуфт, ки Маскав ин гуна "кинояҳоро" ба шиддат рад мекунад.

Вай афзуд, ки Русия ба ҳеҷ ваҷҳ дар таслиҳоти тарафҳои даргир иштирок накардааст ва намекунад. 

Захарова таъкид кард, ки Маскав  итминон дорад, ки таъмини силоҳ ба ҷонибҳои даргир барои ба эътидол овардани вазъ дар Афғонистон мусоидат намекунад, балки, баръакс, боиси тезутунд шудани зиддиятҳои дохилиафғонист, ки сабаби барангехтани ҷанги дохилӣ дар Афғонистон мегардад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.