Капитани “Истиқлол” ба дастаи Ӯзбекистон гузашт

Беҳтарин футболбози чемпионати Тоҷикистон дар соли 2021, капитани дастаи “Истиқлол”-и Душанбе Алишер Ҷалидлов ба дастаи Суперлигаи футболи Ӯзбекистон – АГМК гузашт. Алишер Ҷалилов бо дорандаи медалҳои биринҷии чемпионати Ӯзбекистон дар соли 2021 – тими АГМК (Алмалиқ) ба муддати ду сол қарордод баст. Телеграм-канали дастаи футболи “Истиқлол” хабар дод, ки капитани даста Алишер Ҷалилов акнун бозиро […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Беҳтарин футболбози чемпионати Тоҷикистон дар соли 2021, капитани дастаи “Истиқлол”-и Душанбе Алишер Ҷалидлов ба дастаи Суперлигаи футболи Ӯзбекистон – АГМК гузашт.

Алишер Ҷалилов бо дорандаи медалҳои биринҷии чемпионати Ӯзбекистон дар соли 2021 – тими АГМК (Алмалиқ) ба муддати ду сол қарордод баст.

Телеграм-канали дастаи футболи “Истиқлол” хабар дод, ки капитани даста Алишер Ҷалилов акнун бозиро дар чемпионати Ӯзбекистон идома медиҳад.

Алишер Ҷалилов аз соли 2019 дар тими “Истиқлол” ба бозӣ оғоз намуда, дар ин муддат се маротибагӣ дар Чемпионати кишвар ва Суперҷом ғолиб омад ва инчунин ба Ҷоми футболи Тоҷикистон соҳиб шуд.

Дар мавсими аввали иштироки тими “Истиқлол” дар даври гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО дар ҳунарнамоии муваффақонаи даста дар ин мусобиқа саҳми назаррас гузошт.

Аз рӯи натиҷаҳои мавсимҳои футболи солҳои 2019 ва 2021 Алишер Ҷалилов беҳтарин футболбози Тоҷикистон эътироф гардид.

Сармураббии тими АГМК футболбози маъруфи ӯзбек Мирҷалол Қосимов мебошад. Ин дастаро Комбинати кӯҳӣ-металлургии Алмалиқ сарпарастӣ мекунад.

Қобили зикр аст, ки қаблан аз “Истиқлол” ҳимоятгар Андрей Мишенко низ ба тими АГМК гузашта, Ваҳдат Ханнонов ва Манучеҳр Сафаров бо дастаи “Персеполис”-и Эрон қарордод ба имзо расониданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.