Эмомҳусайне, ки 11 ҳазор “отжимание” мекард, шомили рекордҳои “Гинес” шудааст

Навраси тоҷик Эмомҳусайн Умарови 11-сола барои истеъдоди фавқулоддаи варзишиаш ба китоби рекордҳои “Гинес” шомил шудааст. Гуфта мешавад, ки Эмомҳусайн дар ҳузури доварон бе танаффус 5 ҳазору 200 болофишорӣ (отжимания) анҷом дода, шомили китоби рекорд гаштааст. Дар ин бора Ризвон Ошурмамадов мураббии муҳорибаи омехтаи Эмомҳусейн тариқи шабакаи “Ютуб” хабар дод. Эмомҳусайн Умаров, ки ҳоло 11 сол […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Навраси тоҷик Эмомҳусайн Умарови 11-сола барои истеъдоди фавқулоддаи варзишиаш ба китоби рекордҳои “Гинес” шомил шудааст. Гуфта мешавад, ки Эмомҳусайн дар ҳузури доварон бе танаффус 5 ҳазору 200 болофишорӣ (отжимания) анҷом дода, шомили китоби рекорд гаштааст.

Дар ин бора Ризвон Ошурмамадов мураббии муҳорибаи омехтаи Эмомҳусейн тариқи шабакаи “Ютуб” хабар дод.

Эмомҳусайн Умаров, ки ҳоло 11 сол дорад, ҳанӯз дар 7-солагӣ номаш расонаӣ гардида буд. Он замон расонаҳо навишта буданд, ки ӯ бидуни танаффус 11 ҳазор болофишорӣ (отжимания) анҷом медиҳад. Падар ва тағои ин наврас идао доштанд, ки 13 ҳазор болофишории Эмомҳусайнро ҳисоб кардаанд ва то кунун касе ба ӯ баробар нашудааст.

Он замон падари Эмомҳусайн талош мекард, ки зӯри бозуи фарзандаш дар китоби рекордҳои “Гиннес” сабт шавад.

Раҷаб Умаров, падари Эмомҳусайн он замон гуфта буд, ки ба тавоноии писараш бовар дорад, вале намедонад чӣ гуна ӯро ба масъулони китоби рекордҳои “Гиннес” муаррифӣ кунад. Барои ин, вай аз масъулини варзиши кишвар ва раиси шаҳри Душанбе кумак хоста буд.

Моҳи ноябри соли 2017 вазири корҳои дохилии Тоҷикистон  Рамазон Раҳимзода Эмомҳусейн Умаровро барои истеъдоди нодири варзишиаш – тавони 11 ҳазор болофишорӣ (отжимание) ситоиш карда, ба ӯ соати дастӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуда буд.

Эмомҳусейн Умаро, ҳоло дар шаҳри Красноярски Русия тамрин менамояд. Ӯ, фарзанди нуҳум ва хурдии хонавода, ки дар баробари болофишорӣ ин кӯдак машқҳои акрабатикӣ ҳам анҷом медиҳад ва дар варзиш истеъдоди фавқулодда дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.