Тоҷикистону АМА ҳамкориҳоро дар бахши кор баррасӣ карданд

Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) Баҳодур Шарифӣ бо вазири захираҳои инсонӣ ва аморотикунонии ин кишвар Абдурраҳмон Абдулманнон ал-Ур дидору гуфтушунид кард. Тавре ки Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, зимни вохурӣ масоили марбут ба ҳамкориҳо миёни Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати захираҳои инсонӣ ва аморотикунонии АМА баррасӣ шуд. Гуфта […]

Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) Баҳодур Шарифӣ бо вазири захираҳои инсонӣ ва аморотикунонии ин кишвар Абдурраҳмон Абдулманнон ал-Ур дидору гуфтушунид кард.

Тавре ки Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, зимни вохурӣ масоили марбут ба ҳамкориҳо миёни Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати захираҳои инсонӣ ва аморотикунонии АМА баррасӣ шуд.

Гуфта мешавад, инчунин атрофи татбиқи Ёддошти тафоҳум байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб дар самти қувваи корӣ аз 16 апрели соли 2018 табодули назар сурат гирифт.

Қобили зикр аст, ки мувофиқи Ёддошти тафоҳум, шаҳрвандони Тоҷикистон бар асоси қарордоди имзошуда байни коргар ва корфармо, ки мутобиқи қонунгузории АМА аз ҷониби Вазорати захираҳои инсонӣ ва аморотикунонии ин кишвар тасдиқ шудааст, дар қаламрави АМА ба фаъолияти корӣ машғул шуда метавонанд.

Бино ба маълумоти Агентии омори ҶТ, ҳаҷми савдои дуҷониба байни Тоҷикистон ва АМА дар зарфи 11 моҳи соли гузашта 25,5 млн долларро ташкил дода, 1,8 маротиба зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 аст.

Маблағи содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба АМА дар ин давра 9,4 млн доллар ва воридот аз АМА ба Тоҷикитсон – 16,1 млн долларро ташкил додааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.