Нахуствазири Толибон: кишварҳои исломӣ пештози ба расмият шинохтани мо шаванд

Мулло Ҳасан Охунд, нахуствазири Толибон дар нишасте зери номи "Конфронси иқтисодии Афғонистон" аз тамоми кишварҳои дунё, аз ҷумла кишварҳои исломӣ даъват кардааст, ки бо ба расмият шинохтани Толибон, соҳибистиқлол будани худро нишон диҳанд. Ин нишаст, рӯзи чоршанбеи 19-уми январ дар Кобул баргузор шуд. Нахуствазири Толибон гуфтааст, ки Аморати исломӣ тамоми меъёрҳои ба расмият шинохтанро такмил […]

Иршод Сулаймонӣ, Asia-Plus

Мулло Ҳасан Охунд, нахуствазири Толибон дар нишасте зери номи "Конфронси иқтисодии Афғонистон" аз тамоми кишварҳои дунё, аз ҷумла кишварҳои исломӣ даъват кардааст, ки бо ба расмият шинохтани Толибон, соҳибистиқлол будани худро нишон диҳанд.

Ин нишаст, рӯзи чоршанбеи 19-уми январ дар Кобул баргузор шуд.

Нахуствазири Толибон гуфтааст, ки Аморати исломӣ тамоми меъёрҳои ба расмият шинохтанро такмил кардааст ва ҷаҳон бояд бе ҳеҷ интизории дигаре ҷуръат кунаду онҳоро ба расмият бишносад.

Ҳасанд Охунд аз кишварҳои исломӣ хостааст, ки дер бар расмият шинохтани давлати Толибон пештоз шаванд. 

Инъомуллоҳ Самангонӣ,  муовин сухангӯйи гурӯҳи "Толибон" дар твиттараш дар бораи Конфронси иқтисоди ин гурӯҳ навиштааст, ки "дар конфронси иқтисоди имрӯз намояндагон бист кишвар ҷаҳон ба гуна физикӣ ва намояндагони чиҳил кишвар ба гуна онлайн иштирок варзидаанд". 
 
Ӯ ҳамчунин навиштааст, ки дар ин конфронс масоили иқтисодии Афғонистон, ба хусус чолишҳои сектори хусусӣ ва масоили бонкӣ ба баҳс гирифта шудааанд, то роҳҳои муносиби ҳал барои рафъ мушкилоти гуногун пайдо шавад. 
 
 Дар ин конфрон гурӯҳи "Толибон" аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостанд то ба тааҳҳудоти худ дар баробари кишваршон амал кунанд ва ҳамчунин ваъдаи худро барои иҷрои лоиҳаҳои муҳимме монанди сохти хатти лӯлаи гази Туркманистон – Афғонистон – Покистон – Ҳинд эълом карданд.

Ҳарчанд аз ба қудрат расидани Толибон то кунун наздик ба шаш моҳ мегузарад, аммо ҳеч кишваре то кунун ҳукумати Толибонро эътироф накардааст. Кишварҳои гуногуни ҷаҳон, пешшартҳои ба расмият шинохтани ҳукумати Толибонро аз қабили ташкили ҳукумати фарогир, эҳтиром ба ҳуқуқи башар, ҳуқуқи зан, озодии баён ва арзишҳои дигари инсониву ҷаҳонӣ гузоштаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.