Дар Тоҷикистон мехоҳанд ба Ҳаҷҷи умра раванд, аммо ситод хомӯш аст

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Шаҳрвандони Ӯзбекистон барои адои маросими ҳаҷҷи умра ба Арабистони Саудӣ раҳсипор шуданд. Тоҷикистониён бошанд, мисли пешин иҷозаи Ситоди ҷумҳуриявиро барои адои маросими ҳаҷҷми умра интизоранд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Кумитаи дини ҷумҳурӣ. Сабаби ба таъхир афтодани иҷозаи Ситод ба Кумита маълум нест.

“Мисли пешин то ҳол иҷозаи Ситоди ҷумҳуриявии муқовимат бо коронавирусро интизорем. Бо Арабистони Саудӣ ҳеҷ мушкиле надорем ва онҳо зойирини тоҷикро қабул мекунанд. Ба ҳаҷҷ фиристодани шаҳрвандон аз ҷониби ҳамин ситод боздошт шуда, ба барқарор шуданаш ҳам ситод иҷоза медиҳад”, – гуфт Афшин Муқим, сухангӯи Кумитаи дин.

Ҳамчунин ӯ зикр кард, ки то зуҳури коронавирус бо корҳои фиристодани зойирин ба Арабистони Саудӣ ду ширкат: “Расул сохтмон” ва ҶДММ “Ормон” машғул буданд.

“Айни замон муҳлати созишномаҳо бо ширкатҳо ба охир расида, онҳо тамдид нашудаанд. Танҳо пас аз иҷозаи Ситод Кумита масъалаи дароз кардани муҳлати созишномаҳоро баррасӣ мекунад. Шояд худи Кумита ба корҳои фиристодани зойирин машғул шавад”, – иброз дошт сухангӯи Кумита.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамарӯза даҳҳо шаҳрвандони хоҳишманди адои маросими ҳаҷҷи умра ба Кумита муроҷиат мекунанд.

“Азия-Плюс” талош варзид, ки барои рӯшанӣ андохтан ба сабабҳои таъхири иҷоза бо Ситоди ҷумҳуриявӣ дар тамос шавад. Лекин ин ситод на хадамоти матбуот дораду на намояндаи расмӣ барои робита бо рӯзноманигорон.

ВАО-и Ӯзбекистон хабар медиҳанд, ки 22 январ 239 шаҳрванди ин кишвар ба адои маросими ҳаҷҷи умра раҳсипор шудаанд.

Гуфта мешавад, зойиринро имомони маъруф ва мутахассисон, инчунин табибон ҳамроҳӣ мекунанд.

“Пеш аз сафар ҳамаи зойирин ПСР-тест супорида, бо гувоҳномаҳои байнулмилалии ваксин гирифтан таъмин шуданд. Парвозҳои навбатӣ рӯзҳои 25 ва 28-уми январ пешбинӣ шудааст. Боз 478 зойирин ба Арабистони Саудӣ фиристода мешаванд”, – менависад Centralasia.media.

Қобили зикр аст, ки Арабистони Саудӣ ба адои маросими ҳаҷҷи умра ба шаҳрвандони хориҷие, ки бо ваксинаҳои аз ҷониби ҳукумати шоҳигарӣ маъқулдониста ваксин гирифтаанд, иҷоза дод.

Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо ваксинаҳои Pfizer, AstraZeneca ва Moderna ваксин зада шуаанд, метавонанд ба макони муқддаси ислом – Макка ва Мадина ҷиҳати адои маросими ҳаҷҷ сафар кунанд. Тибқи маълумоти РБК, аз 1 январи соли 2022 мақомоти Арабистони Саудӣ ба шахсоне, ки бо ваксинаи «Спутник V»-и Русия эм гирифтаанд, низ вуруд ба ин кишварро иҷоза дод.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...