Ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар марз дидору гуфтушунид кардаанд

Дар нуқтаии марзи Исфараи вилояти Суғд ва ноҳияи Бодканди вилояти Бодканди Қирғизистон ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон мулоқот кардаанд. Ин мулоқот рӯзи якшанбеи 23-уми январ доир шуда, ҳайати Тоҷикистонро раиси шаҳри  Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода  ва Қирғизистонро раиси вилояти Бодканд Учқунбек Ҷоробоев раҳбарӣ карданд. Зубайдулло Шомадов, сухангӯйи раиси шаҳри Исфара дар суҳбат ба “Азия-Плюс” барпо шудани ин мулоқотро таъйид кард. Вай […]

Дар нуқтаии марзи Исфараи вилояти Суғд ва ноҳияи Бодканди вилояти Бодканди Қирғизистон ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон мулоқот кардаанд. Ин мулоқот рӯзи якшанбеи 23-уми январ доир шуда, ҳайати Тоҷикистонро раиси шаҳри  Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода  ва Қирғизистонро раиси вилояти Бодканд Учқунбек Ҷоробоев раҳбарӣ карданд.

Зубайдулло Шомадов, сухангӯйи раиси шаҳри Исфара дар суҳбат ба “Азия-Плюс” барпо шудани ин мулоқотро таъйид кард. Вай гуфт “дар мулоқот ҷонибҳо асосан мавзуйи аз суйи қирғизҳо сангборон шудани мошини боркаши “Камаз”-и ронандаи тоҷик ва сохтмони ғайриқонунӣ дар марзро баррасӣ карданд”.

Аммо ба иттилои хабаргузории қирғизии Turmush дар мулоқот масъалаҳои ҳифзи суботи ҷамъиятиву сиёсӣ дар минтақаи наздимарзӣ, ҷилавгирӣ аз амалҳои иғвоангезона, барқарории дӯстии миёни ду халқ, ҷилавгирӣ аз корҳои сохтмонии ғайриқонунӣ ва роҳандозии корҳои фаҳмондадиҳӣ байни аҳолии деҳаҳои наздимарзии ду кишварро муҳокима кардаанд.

Мулоқоти ҷонибҳо баъди он сурат мегирад, ки рӯзи 20-уми январ шаҳрвандони Қирғизистон мошини боркаши тамғаи “Камаз”-и шаҳрванди Тоҷикистон Насруллобек Асламовро сангборон карданд.

Дафтари матбуоти шаҳрдори Исфара гуфта буд, ин мошин ба деҳаи Ворух маҳсулоти ниёзи аввалия, аз ҷумла хӯрока мебурд, вале дар ҳудуди деҳаи Оқсойи Қирғизистон мавриди сангборони гурӯҳе аз қирғизҳо қарор гирифта, дар натиҷа ронанда осеб бардошта тирезаҳо ва чароғҳои мошин шикастаст.

Дирӯз, 23 январ расонаҳои қирғизӣ хабар доданд, ки марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон боз ноором шуд. Мақомоти марзбонии Қирғизистон гуфтааст, дар минтақаи наздик ба деҳаи Эски-Оочуи ноҳияи Лайлаки Қирғизистон як гуруҳи шаҳрвандон дар минтақаи муайяннашудаи марзӣ ба сохтани симдевор пардохтаанд.

Гуфта мешавад сохтмони симдеворро сардорони дидбонгоҳҳои марзии ду ҷониб рӯзи 21-уми январ муовфиқа карда буданд ва замони сохтани симдевор марзбонони Тоҷикистон ҳозир шуда, талаби қатъи симкаширо кардаанд.

Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 504 километри он аломатгузорӣ шудааст. Ҳамзамон 472 километри дигари сарҳади давлатии миёни ду кишвар номуайян боқӣ мемонад. Ин ҳолат боиси баҳсу муноқишаҳои зиёд миёни сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.