Дар 2 рӯз “Гурӯҳҳои мобилӣ” 42 қонуншиканӣ дар роҳҳоро ошкор карданд

Нигина Аслонова, Asia-Plus

 “Гурӯҳҳои мобилӣ”-и Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар муддати ду шабонарӯз – 22 ва 23 январ  42 ҳолати вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳро ошкор намуданд.

Тавре ки маркази матбуоти Раёсат хабар медиҳад, қонушикании бештар маъмул ва аз ҳама зиёдтар – нодуруст ба таваққуф гузоштани автомашина аст.

Гуфта мешавад, аз ҳама бештар қонуншиканиҳо дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт  – 15 адад ошкор гардида, дар ноҳияи Шоҳмансур – 11, Исмоили Сомонӣ  ва Сино – дар ҳар кадоме 8 қонуншиканӣ сабт шудааст.

Ёдрас мекунем, ки Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе ҷиҳати пешгирӣ аз қонуншиканӣ дар роҳҳо ва вазъи тамбашавии роҳҳои нақлиётгарди пойтахт “Гурӯҳҳои мобилӣ” таъсис дод.

Рӯзи 30 декабри соли 2021 Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ғолибони озмун дар бораи беҳтарин навори видео ё аксҳоро вобаста ба ҳолатҳои қонуншиканӣ дар роҳҳо эълон кард.

Зинаи аввал ва 5 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ ба шаҳрванд зери №46 супурда шуд, ки ӯ 29 мавод оид ба ҳолати қонуншиканиҳо дар роҳро ирсол намудааст.

Зинаи дуюм ва 3 ҳазор  сомонӣ мукофотпулӣ ба иштирокчии №90 бо 50 мавод сазовор дониста шуд. Мукофотпулии зинаи сеюм ба ду нафар – ба ҳар кадоме 2 ҳазор сомонигӣ ба иштирокчиёни №18 (18 мавод) ва №84 (14 далел) тақдим гардид.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 5 январ зимни ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба фаъолияти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар соли 2021 тасмим гирифта шуд, ки соли 2022 “Соли танзим ва риояи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ” эълон карда шавад.

Дар ин росто дар ҷаласа зикр шуд, ки соли 2021 дар роҳҳои мошингарди пойтахт 242 садамаи нақлиёт сабт шуда, ки бар асари онҳо 33 нафар ҳалок ва 254 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...