Фаврӣ. Тирпарронӣ дар марзи Исфара бо Қирғизистон. “Эвакуатсия”-и занону кӯдакони тоҷик

Сокинони деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара ба «Азия-Плюс» хабар доданд, ки феълан дар рустои Сомониёни шаҳри Исфара, воқеъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон миёни марзбонони ду кишвар тирпарронӣ сурат гирифтааст. Ба гуфтаи манобеъ, аз рустои Сомониёни шаҳри Исфара занону кӯдакони тоҷик ба ҷойи амн интиқол дода шудаанд. “Дар ҳоли ҳозир тирпарронӣ идома дорад. Нахуст низомиёни қирғиз […]

Сокинони деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара ба «Азия-Плюс» хабар доданд, ки феълан дар рустои Сомониёни шаҳри Исфара, воқеъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон миёни марзбонони ду кишвар тирпарронӣ сурат гирифтааст.

Ба гуфтаи манобеъ, аз рустои Сомониёни шаҳри Исфара занону кӯдакони тоҷик ба ҷойи амн интиқол дода шудаанд.

“Дар ҳоли ҳозир тирпарронӣ идома дорад. Нахуст низомиёни қирғиз ба тирпарронӣ шурӯъ карданд ва дар посух низомиёни тоҷик оташи ҷавобӣ кушоданд ва тирпарронии дутарафа оғоз шуд. Маҷрӯҳон ҳастанд, вале шумораи дақиқи онҳо маълум нест”, – гуфт ҳамсуҳбати мо.

Манбаъ таъкид кард, ки дар ҳоли ҳозир раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода дар ҷойи ҳодиса қарор дошта, бо ҳамтои қирғизи худ гуфтушунид дорад.

«Сабаби даргирӣ сангпартоии шаҳрвандони Қирғизистон ба сӯйи мошинҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар деҳаи Сомониён гуфта мешавад. Дар ҳоли ҳозир роҳи Исфара-Ӯш баста шудааст», – гуфт манбаъ.

Талошҳои хабарнигори «Азия-Плюс» барои тамос бо котиби матбуотии раиси шаҳри Исфара Зубайдулло Шомадов то замони нашри гузориш бенатиҷа анҷом ёфт.

Бояд гуфт, ки сухангӯйи шаҳрдории Исфара дар ҷойи ҳодиса қарор дорад ва ҳар замоне, ки телефонро барои посух додан фаъол мекард, тамос қатъ мешуд.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории қиризии “24.kg” бо истинод ба хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар додааст, ки вазъ дар қитъаи марзи давлатии Қирғизистону Тоҷикистон муташанниҷ аст ва марзбонони тоҷик якҷониба бахше аз роҳи Бодканд-Исфараро дар мавзеи Торт-Кочои вилояти Бодкандро бастаанд.

«Бо мақсади пешгирии авҷ гирифтани низоъ сардори отряди сарҳадии Бодканд, полковник Рустам Миршакиров ва сардори Хадамоти сарҳадӣ полковник Қиёлбек Толонбоев ба ҷои ҳодиса рафтанд. Воҳидҳои сарҳадӣ, ки дар ин қитъаи сарҳад дар вилояти Бодканд мустақар шудаанд, ба реҷаи пурзӯри хидматӣ гузаронида шуданд”, – навиштааст ин хабаргузорӣ.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.