Муаллими риёзӣ аз Хоруғ. Барои дарёфти унвони “Омӯзгори сол – 2021” як сол омодагӣ дидам

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Хушбахт Азизбеков, омӯзгори риёзии мактаби шумораи 7-и шаҳри Хоруғ барандаи озмуни "Омӯзгори сол – 2021" дар Тоҷикистон шуд. Дар ин бораи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар медиҳад.

Хушбахт Азизбеков, дар суҳбат ба «Азия-Плюс» гуфт, ки барои ба даст овардани ҷоизаи озмуни «Омӯзгори сол-2021» як сол омодагии ҷиддӣ дидааст.

«Хеле мехостам дар озмун дониши худро санҷиш бикунам ва ба ҳамин хотир як сол омодагӣ  дадам. Ва имрӯз сазоври ин унвон гардидам, ки бароям хеле муҳим аст. Яъне меҳнате, ки як сол кардам имрӯз натиҷа дод», – мегӯяд Хушбахт.

Номзадии ин омӯзгоро ба озмуни мазкур Раёсати маорифи ВМКБ пешбарӣ намудааст.

Хушбахт Азизбеков, 27-сол дошта, таҷрибаи кории панҷсола дорад. Ӯ мегӯяд, факултаи риёзии Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғро хатм намудааст. Ва имрӯз ба ҳайси омӯзгори ин ришта ба хонандагони синфҳои болоӣ дар шаҳри Хоруғ дарс медиҳад. Худи ин омӯзгор зодаи ноҳияи Ишкошими ВМКБ мебошад. 

Ҳамчунин Моҳира Мусоева, омӯзгори фанни географияи литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе, Сунбула Юсупова, муаллими синфҳои ибтидоии мактаби №8-и шаҳри Роғун, Наима Зоидова, омӯзгори фанни физикаи мактаби №10-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Шавкат Тағоев, омӯзгори физикаи литсейи тамоили техникии ба номи “Афлотун”-и Данғара  дар ин озмун аз сӯйи  Кумитаи тадорукоти озмун соҳиби тӯфа шудаанд.

Ин озмун 25-уми январ озоз шуда, 27-уми январ ҷамъбаст шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...