Ривоятҳои талхи як шаби хунини Исфара: хонаҳои сӯхтаву ҳавлиҳои пур аз пасмондаи тири миномиёт

Ҳалим Ҷӯраев, Иршод Сулаймонӣ, Asia-Plus

Мардуми Исфара аз шом ва шаби 27 ба 28-уми январ қиссаҳои талхе мекунанд. Дар ин даргириҳо аз сӯйи неруҳои Қирғизистон  хонаҳои зиёде тирборон ва оташ зада шудаанд, ки хисороти барҷойгузошта ба миллионҳо мерасад.

Хабарнигори "Азия-Плюс" субҳи имрӯ ба суроғи мардуме рафт, ки хонаҳояшон дар ин даргириҳои хунун зарар дидаву ба коми оташ рафтаанд. Ё бому дар ва ҳавилии бисёре аз сокинони деҳаҳои Сомониёну Хоҷаи Аълои ҷамоатҳои Сурху Чоркӯҳ пур аз пасмондаҳои тир, хусусан тирҳои миномиёту нориҷакандозанд. 

Бино ба тахминҳои пешаки мақомот танҳо дар деҳаи Сомониён 11 хонаи сокинон аз тиру гулӯлаҳои неруҳои Қирғизистон зарар дида, як бунгоҳи тиббӣ дар ин деҳа хароб шудааст. Сокинони деҳаи Хоҷаи Аъло ҳам мегӯянд, ҳудуди 10 хонаи онҳо дар натиҷаи асосан партоб шудани мушак оташ гирифтву вайрон шудааст. Ҳоло ҳам чанде аз мушаки неруҳои кишвари ҳамсоя дар саҳни ҳавлии сокинони ин деҳа хотираи талхи ин шаби хунинанд.

Дар ин даргирӣ аз Тоҷикистон 2 нафар куштаву 20 кас захмӣ шудааст. Мақомоти расмии Тоҷикистон шумори захмиҳоро 10 нафар – 6 низомиву 4 сокини мулкӣ мегӯянд. Аз Қирғизистон 11 нафар захмӣ шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...