Роҳбари нави ширкати “Барқи тоҷик” кист?

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон бо қарорҳои худ аз 27 январ раҳбарияти Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи “Барқи тоҷик”-ро иваз кард.

Ба ин тариқ, Асозода Маҳмадумар Шамсулло раиси нави ширкати “Барқи тоҷик” таъин шуд. То ин таъинот ӯ ба ҳайси муовини аввали раиси ширкат Мирзо Исмоилзода кор мекард.

Ҳамчунин муовинони раиси “Барқи тоҷик” Мавҷуда Холиқзода бо сабаби ба нафақа баромадан ва Ғуломзода Муҳаммад Қурбон дар робита “ба кори дигар гузаштан” аз мансабҳояшон барканор шуданд.

Қурбонзода Абдулло Абдураҳим муовини раиси ширкат таъин шуда, курсии дуюми муовини раис ва вазифаи муовини аввали раис алҳол холианд.

Маҳмадумар Асозода кист?

Ӯ 1 ноябри соли 1968 дар шаҳри Норак таваллуд шуда, аз рӯи ихтисоси муҳандис-барқчӣ (электрик) маълумоти олӣ дорад. Соли 1992 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Солҳои 1992-1995 – муҳандиси ОРУ-220 кВ озмоишгоҳи электро-техникӣ, муҳандиси категорияи 2, муҳандиси категорияи 1-и НБО Норак;

Солҳои 1995-2006 –  сардори Хадамоти истеҳсолӣ-техникӣ (ПТС)-и НБО Бойғозӣ;

Солҳои 2006-2015 – сармуҳандиси НБО Бойғозӣ;

Соли 2015 (04.11) – сардори Сарраёсати сиёсати энергетикӣ ва захираҳои обӣ, рушди илм ва техникаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ;

Аз ноябри соли 2015 – муовини аввал – директори иҷроияи яке аз департаментҳои ширкати “Барқи тоҷик”;

Аз 27 январи соли 2022 – раиси ширкати “Барқи тоҷик”.

Қобили зикр аст, ки раиси собиқи ширкати “Барқи тоҷик” Мирзо Исмоилзода низ аз рӯи ихтисоси муҳандис-барқчӣ маълумоти олӣ дошта, хатмкардаи Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон аст.

Ба ҳайси нозири “Тоҷикэнергонадзор” дар гурӯҳи ноҳияи минтақаи Кӯлоб, сармуҳандиси “Энергсобит”-и минтақаи Қӯрғонтеппа кор кардааст.

Дар шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб фаъолият намуда, соли 2008 онро ба роҳбарӣ гирифта буд. Соли 2014 раиси ҶСК “Шабакаҳои барқи ш.Душанбе” ва 26 августи соли 2015 раиси ШСХК “Барқи тоҷик” таъин шуд.

Акнун иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ваҳдат таъин шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...