Ба мувофиқа нарасиданд. Музокироти дувуми гуруҳи Тоҷикистону Қирғизистон поён ёфт

Гуфтушуниди ҳайати Тоҷикистону Қирғизистон, ки бо иштироки  фармондеҳи Неруҳои марзбонии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва раиси КДАМ Қирғизистон Қамчибек Тошаев ба хотири ба эътидол овардани вазъ дар сарҳади ҳарду кишвар, субҳи имрӯз дубора оғоз шуда буд, ба итмом расид, вале ҷонибҳо ба мувофиқа нарасидаанд. Хабарнигори “Азия-Плюс”, ки дар ҷойи ҳодиса қарор дорад, хабар медиҳад, ки дар натиҷаи […]

Гуфтушуниди ҳайати Тоҷикистону Қирғизистон, ки бо иштироки  фармондеҳи Неруҳои марзбонии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва раиси КДАМ Қирғизистон Қамчибек Тошаев ба хотири ба эътидол овардани вазъ дар сарҳади ҳарду кишвар, субҳи имрӯз дубора оғоз шуда буд, ба итмом расид, вале ҷонибҳо ба мувофиқа нарасидаанд.

Хабарнигори “Азия-Плюс”, ки дар ҷойи ҳодиса қарор дорад, хабар медиҳад, ки дар натиҷаи музокироти имрӯза ягон протоколи муштарак ба имзо нарасид ва аз ин рӯ, музокироти баъдӣ ба пагоҳ, 29 январ гузошта шуд.

Ин музокирот, имрӯз яке аз қаҳвахонаҳои ҷамоати деҳоти Чоркуҳи шаҳри Исфара баргузор шуд.

Ёдовар мешавем, ки субҳи имрӯз, дар ҷамоати Чоркуҳи Исфара Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва Қамчибек Тошиев сари мизи музокирот нишаста буданд. Аз шоми дирӯз то кунун ин дувумин гуфтушуниди ҷониби  Тоҷикистон ва Қирғизистон аст.

Баъзе аз тавофуқоте, ки дар музокироти шабона ҳосил шуда буд, аз ҷумла ба қароргоҳи доимияшон бурдани неруҳои ду тараф ва такшили комиссияи муштарак аз ҳисоби сохторҳои низомӣ ва додситонӣ, дигарбора рӯйи он таъкид шудааст. Ҳамчунин ифоқа шудааст, ки дар марз танҳо марзбонон ва кормандони пулис боқӣ мемонанд.

Ҳамчунин ваъда шудааст, ки баргашти беҷошудагон ба хонаҳояшон таъмин мешаваду ҳамаи роҳҳои масдудшуда ва хаттҳои барқ дубора барқарор мешаванд. 

Шаби 27-28 январ низ раисони вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ҳамроҳ бо сардорони раёсатҳои амният ва корҳои дохилӣ ва Бодканди Қирғизистон барои ба эътидол овардани вазъ дар марзи ду кишвар сари мизи музокирот нишаста буданд, ки дар он ба тавофуқ расида буданд, ки типарониҳо қатъ мешавад ва комиссияи муштарак далелҳо ва натиҷаҳои даргириҳоро дақиқ мекунанд.

 Ёдовар мешавем, ки шоми 27 январ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон даргирии навбатӣ сар зад ки дар натиҷа 2 сокини Исфара кушта ва ҳудуди 20 тани дигар захмӣ шуданд. 

Ҷониби Қирғизистон танҳо аз захмӣ шудани 11 нафар шаҳрванди худ хабар медиҳад.

Тоҷикистону Қирғизистон якдигарро барои оғози тирпаронӣ муттаҳам мекунанд.

Бино ба изҳороти дафтари матбуоти неруҳои марзбонии Тоҷикистон, тахминан соати 17:20-и рӯзи 27-уми  январ, як гурӯҳи шаҳрвандони номаълуми  Қирғизистон аз ҳисоби сокинони шӯрои деҳаи Оқсои вилояти Бодканд дар болои пули наздикии деҳаи Хоҷаи-Аъло, автомашинаи тамғаи «Портер»-и шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки машғули регкашӣ буд ва аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз маҳаллаи Хоҷаи-Аъло ба маҳаллаи Сомониёни шаҳри Исфара дар ҳаракат буд, маҷбуран боздоштанд. 

Неруҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон гуфтааст, ки барои пешгирии пешгирии чунин амалҳои ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон дар сатҳи намояндагони мақомоти маҳаллӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Исфараи вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шудани мулоқот мувофиқа шуда буд, наомадаанд ва ба тирпаронӣ оғоз кардаанд.

Хабарнигори мо аз Исфара хабар медиҳад, ки дар ҳоли ҳозир вазъ ором аст, аммо нигаронии мардум боқист. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.