Ба Тоҷикистон боз 152 ҳазор воксини “Pfizer-BioNTech”-амрикоӣ ворид карда шуд

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Имрӯз, 31-уми январ дар чорчӯбаи барномаи КОВАКС ва барномаи тақсимоти одилонаи вояҳои ваксинаҳои зидди COVID-19 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 152 ҳазору 100 воя ваксинаи “Pfizer-BioNTech” ворид карда шуд, – хабар медиҳад Вазорати тандурустии Тоҷикистон. 

Дар Тоҷикистон то 20 январи соли 2022 беш аз 4 миллиону 355 ҳазору 582 нафар, яъне 75,6 дар сади шаҳрвандони мамлакат ба моякӯбӣ (ваксинатсия) бар зидди бемории коронавируси нави COVID-19 фаро гирифта шудаанд. Ҳамчунин вояи дуюми ваксинаро то ин давра 3 миллиону 636 ҳазору 802 тан гирифтаанд, ки ин баробар ба 63,1 дар сади тарҳест, ки давлат рӯйи даст гирифтааст.

17 январ низ, дар чаҳорчӯби барномаи “COVAX”,  ба Тоҷикистон 1 млн воя (доза) воксин аз ширкати “Moderna”-и ИМА ворид карда шуд буд.

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон, бар зидди коронавирус ваксинаҳои «Sputnik V», «AstraZeneca», «CoronaVac», «Moderna» ва «Pfizer» мавҷуд аст ва мардум воксин зада мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...