Изҳори тасаллияти мансабдорони ҳукумат ба оилаҳои муҳоҷирони дар Волгоград фавтида

Муовини аввали вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ Абдуғаффор Раҳмонзода, сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода, муовини раиси вилояти Хатлон Акрам Сулаймонзода ва раиси ноҳияи Вахш Қурбон Бсуфов ба аёдати оилаҳои муҳоҷирони дар Волгоград фавтида рафтанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти Раёсати муҳоҷирати вилояти Хатлон хабар доданд. Онҳо оилаи Файзиддиновҳоро дар деҳаи […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Муовини аввали вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ Абдуғаффор Раҳмонзода, сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода, муовини раиси вилояти Хатлон Акрам Сулаймонзода ва раиси ноҳияи Вахш Қурбон Бсуфов ба аёдати оилаҳои муҳоҷирони дар Волгоград фавтида рафтанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти Раёсати муҳоҷирати вилояти Хатлон хабар доданд.

Онҳо оилаи Файзиддиновҳоро дар деҳаи Наврафторони ҷамоати Ваҳдати ноҳияи Вахш аёдат карданд, ки дар фоҷеаи Волгоград се узви оиларо аз даст доданд: Қобилҷони 21-сола, Қосимҷони 20-сола ва Нуриддини 37-сола.

Ҳамчунин онҳо ба хонаводаи Кабутовҳо дар ҷамоати Тоҷикободи ноҳияи Вахш рафтанд, ки писари 21-солаашон Саидакрам дар ин фоҷеа ҳалок шуд.

Абдуғаффор Раҳмонзода ва Акрам Сулаймонзода ба ин оилаҳо аз номи ҳукумат изҳори тасаллият намуда, ба онҳо кумаки моддӣ низ расонида шуд.

Рӯзҳои наздик раҳбарияти Раёсати муҳоҷирати вилоят ҳамроҳи раисони ноҳияҳои Ҷайҳун ва Ҳамадонӣ ба аёдати оилаҳои боз ду муҳоҷири фавтида дар Волгоград – Идибек Саломови 30-сола ва Раҳмоналӣ Муҳаммадҷони 22-сола низ мераванд.

Ёдрас мекунем, ки ҷасадҳои шаш муҳоҷири аз бӯйи газ дар Волгоради Русия фавтида 30 январ ба ватан оварда шуда, ҳамон рӯз ба хок супурда шуданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.