“Толибон” аз Тоҷикистону Қирғизистон хост, то мушкилашонро аз роҳи гуфтугӯ ҳал кунанд

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Ҳукумати "Толибон" аз даргирӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон ибрози таассуф карда, аз ҷонибҳои даргир хостааст, ки  мушкилоти худро бо гуфтугӯ ҳал кунанд.

Дар ин бора сухангуӣ Вазорати умури хориҷии Толибон, Абдулқҳор Балхӣ рӯзи 31 январ дар сафҳаи Твиттераш навиштааст.

"Имороти Исломии Афғонистон  даргирӣ миёни нерӯҳои марзии ҚирғизистонуТоҷикистон ва талафоти ношӣ (баҷомонда) аз онро мояи таассуф медонад. Имороти Исломии Афғонистон робитаҳои дӯстона миёни тамоми кишварҳои минтақаро вобаста ба сулҳ, субот ва рифоҳи иқтисодии тамоми ҳавзаҳо мепиндорад. Мо аз ҳар ду кишвар мехоҳем, то ба мушкилоти пасин, аз тариқи гуфтугӯ роҳи ҳал дарёбанд."- навиштааст Абдулқҳор Балхӣ.

Гурӯҳи "Толибон" замони даргириҳои ахири моҳи апрели соли 2021 низ аз Тоҷикистону Қирғизистон хоста буданд, ки ҷанг накунанд ва мушкилро бо музокира ҳал кунанд. 

Ин гуруҳ он замон, аз Тоҷикистону Қирғизистон даъват карда буданд, ки "мушкилатонро аз тариқи гуфтугӯ бо дарёфти роҳи маъқулу мантиқӣ ҳал кунед, ин ба хайри ҳар ду давлат аст". 

Он замон паёми "Толибон"-ро  Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯйи ин гурӯҳ, дар саҳфаи "Твиттер"-аш нашр карда буд: "Иморати исломӣ бар ҳар ду кишвари исломӣ ва бародар садо менамояд, ки талош кунед, мушкили худро аз роҳи гуфтугӯ ҳал намоед".

Забеҳулло Муҳоҷид дар паёми "Толибон" ҳамчунин гуфта буд, ки "мо беш аз ҳама таҷрибаи амалӣ дар мавриди зиёнҳои ҷангро дорем, оғози ҷанг шояд осон ба назар бирасад, аммо ҷараёни амалии ҷанг ва оқибатҳо ва зиёнҳои боқимонда аз он ба маротиб беш аз он аст, ки ҳар ду ҷиҳат дар сурати тахосум (хусумат) мутаҳаммил мешаванд".

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...