Дар Душанбе барои ҷамъоварии батареячаҳо қуттиҳо мегузоранд

Дар макони серодами Душанбе барои ҷамъоварии батареячаҳо нуқтаҳои махсус кушода мешаванд. Дар ин бора зимни нишасти матбуоти имрӯза раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ Баҳодур Шерализода хабар дод. Аксияи аввалин оид ба ҷамъоварии батарейкаҳо дар пойтахт аллакай доир гардида, он аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ҳамдастӣ бо ташкилоти ҷамъиятии “Пешсаф” созмон дода шуд. […]

Дар макони серодами Душанбе барои ҷамъоварии батареячаҳо нуқтаҳои махсус кушода мешаванд. Дар ин бора зимни нишасти матбуоти имрӯза раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ Баҳодур Шерализода хабар дод.

Аксияи аввалин оид ба ҷамъоварии батарейкаҳо дар пойтахт аллакай доир гардида, он аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ҳамдастӣ бо ташкилоти ҷамъиятии “Пешсаф” созмон дода шуд.

Дар даромадгоҳ ба марказҳои савдои “Ашан”, “Авранг” ва “Пайкар” қуттиҳои махсус барои ҷамъоварии батарейкаҳои истифодашуда гузошта шуданд.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ дар ин маърака варақаҳои таблиғотӣ оид ба қоидаҳои муомилот бо партовҳои электронӣ, аз ҷумла батареяҳо ба харидорон ройгон тақсим карда шуданд.

Ба гуфтаи Шерализода, сокинони шаҳр ин амалро мусбат қабул карданд.

“Ин ташаббусро инкишоф медиҳем, — гуфт раиси Кумита, — дар нуқтаҳои қабули партов, бозор ва дигар ҷойҳои серодам ин гуна нуқтаҳоро зиёд кардан лозим аст”.

Ба гуфтаи ӯ, ин як қисми иқдоми густарда бобати беҳбуди ҳолати санитарии шаҳр ва баланд бардоштани фарҳанги экологии аҳолист: «Мо шаҳрвандонро ҷиҳати бештар бошуур будан дар муносибат бо партовҳо меомӯзем”.

Ӯ зикр кард, ки минбаъд батарейкаҳо дар корхонаи махсус дар Ҳисор нобуд ва безарар карда мешаванд.

Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист хотиррасон намуданд, ки батарейкаҳои истифодашуда набояд дар партови умумӣ қарор дошта бошанд.

Мутахассисони Кумита мегӯянд, як батареяи истифодашуда қодир аст, ки хокро дар масоҳати 20 метри мураббаъ ифлос кунад. Ва агар дар айни замон чунин батарея дар баробари боқимондаи партовҳо сӯхта шавад, пас моддаҳои хатарнок ба ҳавои атроф ворид мешаванд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.