“Толибон” аз Тоҷикистону Қирғизистон хост, то мушкилашонро аз роҳи гуфтугӯ ҳал кунанд

Ҳукумати "Толибон" аз даргирӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон ибрози таассуф карда, аз ҷонибҳои даргир хостааст, ки  мушкилоти худро бо гуфтугӯ ҳал кунанд. Дар ин бора сухангуӣ Вазорати умури хориҷии Толибон, Абдулқҳор Балхӣ рӯзи 31 январ дар сафҳаи Твиттераш навиштааст. "Имороти Исломии Афғонистон  даргирӣ миёни нерӯҳои марзии ҚирғизистонуТоҷикистон ва талафоти ношӣ (баҷомонда) аз онро мояи таассуф медонад. […]

Ҳукумати "Толибон" аз даргирӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон ибрози таассуф карда, аз ҷонибҳои даргир хостааст, ки  мушкилоти худро бо гуфтугӯ ҳал кунанд.

Дар ин бора сухангуӣ Вазорати умури хориҷии Толибон, Абдулқҳор Балхӣ рӯзи 31 январ дар сафҳаи Твиттераш навиштааст.

"Имороти Исломии Афғонистон  даргирӣ миёни нерӯҳои марзии ҚирғизистонуТоҷикистон ва талафоти ношӣ (баҷомонда) аз онро мояи таассуф медонад. Имороти Исломии Афғонистон робитаҳои дӯстона миёни тамоми кишварҳои минтақаро вобаста ба сулҳ, субот ва рифоҳи иқтисодии тамоми ҳавзаҳо мепиндорад. Мо аз ҳар ду кишвар мехоҳем, то ба мушкилоти пасин, аз тариқи гуфтугӯ роҳи ҳал дарёбанд."- навиштааст Абдулқҳор Балхӣ.

Гурӯҳи "Толибон" замони даргириҳои ахири моҳи апрели соли 2021 низ аз Тоҷикистону Қирғизистон хоста буданд, ки ҷанг накунанд ва мушкилро бо музокира ҳал кунанд. 

Ин гуруҳ он замон, аз Тоҷикистону Қирғизистон даъват карда буданд, ки "мушкилатонро аз тариқи гуфтугӯ бо дарёфти роҳи маъқулу мантиқӣ ҳал кунед, ин ба хайри ҳар ду давлат аст". 

Он замон паёми "Толибон"-ро  Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯйи ин гурӯҳ, дар саҳфаи "Твиттер"-аш нашр карда буд: "Иморати исломӣ бар ҳар ду кишвари исломӣ ва бародар садо менамояд, ки талош кунед, мушкили худро аз роҳи гуфтугӯ ҳал намоед".

Забеҳулло Муҳоҷид дар паёми "Толибон" ҳамчунин гуфта буд, ки "мо беш аз ҳама таҷрибаи амалӣ дар мавриди зиёнҳои ҷангро дорем, оғози ҷанг шояд осон ба назар бирасад, аммо ҷараёни амалии ҷанг ва оқибатҳо ва зиёнҳои боқимонда аз он ба маротиб беш аз он аст, ки ҳар ду ҷиҳат дар сурати тахосум (хусумат) мутаҳаммил мешаванд".

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.