Ҳудуди 80%-и аҳолии калонсоли Тоҷикистон ваксина гирифтанд

То 1 феврали соли ҷорӣ 79,7%-и аҳолии Тоҷикистон ваксинаи зидди коронавирус гирифтанд, хабар медиҳад Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ. Аз ҷумла то 1 феврал 4 млн 594 ҳазору 703  нафар (79,7%) шаҳрвандони мамлакат ба ваксинатсия зидди бемории коронавируси COVID-19 фаро гирифта шуданд. Гуфта мешавад, инчунин вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида 3 млн 902 ҳазору 269 нафар […]

То 1 феврали соли ҷорӣ 79,7%-и аҳолии Тоҷикистон ваксинаи зидди коронавирус гирифтанд, хабар медиҳад Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ.

Аз ҷумла то 1 феврал 4 млн 594 ҳазору 703  нафар (79,7%) шаҳрвандони мамлакат ба ваксинатсия зидди бемории коронавируси COVID-19 фаро гирифта шуданд.

Гуфта мешавад, инчунин вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида 3 млн 902 ҳазору 269 нафар (67,7%) шаҳрвандони мамлакат гирифтаанд.

Ёдрас мекунем, ки маъракаи ваксинзанӣ зидди COVID-19 дар Тоҷикистон моҳи марти соли 2021 оғоз шуд. Ваксина гирифтани шахсони аз 18-сола болои ҷумҳурӣ ҳатмӣ аст. Ваксина ба шаҳрвандони мамлакат тариқи ройгон гузаронида мешавад. Дар маҷмӯъ ваксингирии 5 млн 826 ҳазору 301 нафар аҳолии кишвар зарур аст.

Дар Тоҷикистон аз панҷ ваксинаи зидди коронавирус истифода мешавад: CoronaVac, AstraZeneca, Moderna, Pfizer ва Спутник V.

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ, айни замон шумори умумии сироятёфтагон аз COVID-19 дар Тоҷикистон 17 ҳазору 326 нафарро ташкил дода, теъдоди шифоёфтагон ба 17 ҳазору 157 нафар (99%) баробар аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.