Молики мағозаи ҷавоҳироти “Ҷило” ба қочоқи маснуоти заргарӣ гумонбар дониста мешавад

Молики мағозаи ҷавоҳироти “Ҷило” Гулнора Турсунбоева 24 январ дар фурудгоҳи Душанбе ба иттиҳоми қочоқи зиёда аз 9 кило маснуоти заргарӣ аз тилло боздошт шуд, хабар дод зимни нишасти матбуотии имрӯза роҳбари Хадамоти гумруки Тоҷикистон Хуршед Каримзода. “Гулнора Турсунбоева аз ҷониби кормандони КДАМ-и ҷумҳурӣ боздошт шуда, айни замон дар ҳабс қарор дорад. Ӯ ҳангоми бозгашт аз […]

Молики мағозаи ҷавоҳироти “Ҷило” Гулнора Турсунбоева 24 январ дар фурудгоҳи Душанбе ба иттиҳоми қочоқи зиёда аз 9 кило маснуоти заргарӣ аз тилло боздошт шуд, хабар дод зимни нишасти матбуотии имрӯза роҳбари Хадамоти гумруки Тоҷикистон Хуршед Каримзода.

“Гулнора Турсунбоева аз ҷониби кормандони КДАМ-и ҷумҳурӣ боздошт шуда, айни замон дар ҳабс қарор дорад. Ӯ ҳангоми бозгашт аз Истанбул дар фурудгоҳи Душанбе боздошт шуд. Аз ӯ 9 килову 300 грамм маснуоти заргарӣ дарёфт шуд, ки ҳамагӣ 4 килояш эъломия дошта ва боқимондаашро мехост траиқи қочоқ ба Тоҷикистон ворид кунад”, – изҳор дошт Каримзода.

Ҳамчунин роҳбари Хадамоти гумрук зикр кард, ки айни замон сардори нуқтаи гумрукии фурудгоҳи Душанбе Равшан Назирмадов низ барои мусоидат ба ворид намудани маҳсулоти қоқоқӣ ба кишвар боздошт шудааст.

Аммо Каримзода дар бораи бо кадом модда нисбати онҳо боз шудани парвандаи ҷиноятӣ маълумот надод.

Ӯ танҳо изҳор дошт, ки тафтишот идома дорад ва ӯ аз дигар ҷузъиёти масъала маълумот дода наметавонад.

Мағозаи ҷавоҳироти “Ҷило” дар кӯчаи Бухоро, 32-и пойтахт дар паҳлӯи хонаи мебели “Алфемо” воқеъ аст. Дар ин мағоза ороишоти маснуоти заргарӣ аз тиллову сангҳои қиматбаҳо ба фурӯш гузошта шудаанд, ки аз хориҷа оварда мешаванд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.