Дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ ҳаракати мошинҳои "Фура" ва автомобилҳои боркаши притсепдор маҳдуд карда мешавад.
Дар ин бора филиали ширкати IRS, ки масъули хидматрасонву нигаҳдории ин роҳ аст, дар саҳифаи расмии фейсбукияш хабар медиҳад.
“IRS” хабар медиҳад, ки «шурӯъ аз дирӯз дар масири Душанбе – Чаноқ бориши барф давом дошта, дар баъзе минтақаҳо, аз ҷумла километрҳои 39 – 86 хеле пуршиддат аст. Бо мақсади эҷод накардани монеа ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт, гузариши "Фура" ва автомобилҳои боркаши притсепдор маҳдуд карда мешавад»,-омадааст дар хабарномаи ширкат.
Ин ширкат мегӯяд, ҳоло роҳ кушода буда, чун ҳарвақта, фаъолияти кормандони филиали Ширкат дар сатҳи хубу сифати баланд роҳандозӣ шуда, роҳро мунтазам аз барф тоза ва бо маводи зиддилағжиш коркард намуда истодаанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.


