Вазири маориф: “президент дуруст мегӯяд, ислоҳ мешавем”

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, дар нишасти матбуотии имрӯз, 3 феврал ба танқидҳои раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имсолаашон ба порлумони кишвар, дар робита ба сифати таҳсилот вокуниш кард. Ӯ гуфт, он эродҳои ҷиддие, ки аз ҷониби президент гирифта шуд, воқеиву дуруст аст ва онҳо дар ин самт фаъолияташонро тағйир медиҳанд. Номбурда гуфт, ки […]

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, дар нишасти матбуотии имрӯз, 3 феврал ба танқидҳои раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имсолаашон ба порлумони кишвар, дар робита ба сифати таҳсилот вокуниш кард.

Ӯ гуфт, он эродҳои ҷиддие, ки аз ҷониби президент гирифта шуд, воқеиву дуруст аст ва онҳо дар ин самт фаъолияташонро тағйир медиҳанд.

Номбурда гуфт, ки барои рафъи эродҳои раисҷумҳур аллакай, чанд масъаларо нақшабандӣ кардаанд, ки яке аз онҳо ташкили шуъбаи назорати сифати таҳсилот аст, ки сифати таълиму тадрисро дар муассисаҳои миёна ва олӣ санҷиш мекунад.

– Рушди ҷомеа ҳамеша нисбат ба таҳсилот боло меравад. Вақте мо қонеъ шудем, пас ин чизи манфӣ ба ҳисоб меравад. Аллакай, нисбати интиқоди ҷиддии президент чанд масъаларо нақшабандӣ кардаем. Якум, ба он шурӯъ кардем, ки аз ихтисосҳое, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ вуҷуд доранд. Кадоме аз ин ихтисосҳо барои мо лозим асту кадомаш не. Дуввум таҷдиди назар намудани тамоми барномаҳо ва стандартҳое, ки ба сатҳи байналмилалӣ мутобиқ бошад, – гуфт Имомзода.

Вазири маориф ва илми кишвар изҳори умедворӣ намуд, ки солҳои оянда дар ин самт фаъолияташонро тағйир медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонааш ба Маҷлиси Олӣ, ки рӯзи 21 декабри соли 2021 ироа шуд, аз низоми таҳсил дар кишвар ва сатҳи забономӯзӣ дар донишгоҳу мактабҳои кишвар интиқоди шадид карда буд

Ӯ гуфта буд, системаи омода кардани кадрҳои соҳаи омӯзгорӣ қафо мондааст ва омӯзгорони мо бо забонҳои хориҷӣ ҳарф зада наметавонанд.

– Аксарияти омӯзгорон бо равишҳои куҳна дарс мегузаранд, ҳол он ки дунё пеш рафтааст. Мо бояд аз ин методҳои куҳна даст кашем, ислоҳоти комил гузаронем, – гуфта буд раисҷумҳури Тоҷикистон.

Ба назари Эмомалӣ Раҳмон бо ин шева "мо худамон худамонро фиреб медиҳем. Фақат диплому коғаз медиҳем, дар ин ҷо (калла) чизе нест".

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.