Роҳи Душанбе –Чаноқ барои автомашинаҳои боркаш баста мешавад

Дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ ҳаракати мошинҳои "Фура"  ва автомобилҳои боркаши притсепдор маҳдуд карда мешавад. Дар ин бора филиали ширкати IRS, ки масъули хидматрасонву нигаҳдории ин роҳ аст, дар саҳифаи расмии фейсбукияш хабар медиҳад. “IRS” хабар медиҳад, ки «шурӯъ аз дирӯз дар масири Душанбе  – Чаноқ бориши барф давом дошта, дар баъзе минтақаҳо,  аз ҷумла километрҳои  39 – […]

Дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ ҳаракати мошинҳои "Фура"  ва автомобилҳои боркаши притсепдор маҳдуд карда мешавад.

Дар ин бора филиали ширкати IRS, ки масъули хидматрасонву нигаҳдории ин роҳ аст, дар саҳифаи расмии фейсбукияш хабар медиҳад.

“IRS” хабар медиҳад, ки «шурӯъ аз дирӯз дар масири Душанбе  – Чаноқ бориши барф давом дошта, дар баъзе минтақаҳо,  аз ҷумла километрҳои  39 – 86 хеле пуршиддат аст. Бо мақсади эҷод накардани монеа ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт,  гузариши "Фура"  ва автомобилҳои боркаши притсепдор маҳдуд карда мешавад»,-омадааст дар хабарномаи ширкат.

Ин ширкат мегӯяд, ҳоло роҳ кушода буда, чун ҳарвақта, фаъолияти кормандони филиали Ширкат дар сатҳи хубу сифати баланд роҳандозӣ шуда, роҳро мунтазам аз барф тоза ва бо маводи зиддилағжиш коркард намуда истодаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.