Эмомалӣ Раҳмон барои баргузории се озмун ҳудуди 8 млн сомонӣ ҷудо кард

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Имсол, барои баргузории се озмуни ҷумҳуриявӣ – «Тоҷикистон-Ватани азизи ман»,  «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 7 млн 930 ҳазор сомонӣ (ҳудуди $700 ҳазор) сарф мешавад. Дар ин бора амрҳои раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дирӯз, 3 феврал ба имзо расид.

Тавре Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, соли 2022 барои баргузории  озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Тоҷикистон 2 млн 540 ҳазор сомонӣ ҷудо мешавад.

Ҳамин тариқ, имсол барои баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» аз ҳисоби фонди президенти Тоҷикистон 2 млн 345 ҳазор сомонӣ ва барои баргузории  озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 3 млн 45 ҳазор сомонӣ ҷудо карда мешавад.

Гуфта мешавад, ки ин маблағҳо барои ғолибони номинатсияҳо, муаллимоне ки онҳоро барои ширкат дар озмунҳо омода мекунанд, омода кардани ҷоми шоҳҷоизаҳо, дипломҳо, музд ва сафари кории ҳайати ҳакамон ба шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои ҷумҳурӣ ва хароҷоти дигар сарф мешавад.

Ба дастгоҳи иҷроияи президент супориш дода шудааст, ки истифодаи мақсадноки маблағи ҷудошударо таъмин намоянд. Ҳамчунин ба сохторҳои марбута дастур дода шудааст, ки барои дар сатҳи баланд доир гардидани озмунҳо чораҳои зарурӣ андешанд.

Гуфта мешавад, назорати иҷрои амрҳои мазкур ба зиммаи муовинони сарвазири ҷумҳурӣ (сарпарастони соҳа) вогузор мегардад.

Ёдовар мешавем, ки соли 2021 Эмомалӣ Раҳмон барои баргузории ин озмунҳо 7 млн 720 ҳазор сомонӣ ҷудо карда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...