Мунтахаби ҷавонон, “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” дар даври финалии Ҷоми ФФТ-2022

Asia-Plus

Дар шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор бозиҳои даври сеюми марҳилаи интихобии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ)-2022 дар минтақаи Душанбе баргузор шуданд.

Тавре ки ФФТ хабар медиҳад, ғолиби соли гузаштаи ин мусобиқа – дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, ки дар гуруҳи “А” бозӣ мекунад, бори сеюм пайдарпай пирӯзӣ ба даст оварда, ин дафъа тими КМВА (ЦСКА)-ро бо ҳисоби 3:0 мағлуб кард ва ба даври финалии мусобиқа роҳ ёфт.

Дастаи дуюме, ки  ба даври финалии мусобиқа аз гуруҳи “А” роҳхат мегирад, пас аз баргузори панҷ даври марҳилаи интихобӣ дар гуруҳ муайян мешавад.

Дар гуруҳи “Б” мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) бо касби 9 холи имконпазир аз 3 давр  ва пирӯзӣ дар бозии охир бар дастаи “Душанбе” бо ҳисоби 5:0 ба даври финалӣ роҳхат гирифт.

Дар гуруҳи “Б” дастаи “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода низ тими “Файзканд”-и Восеъро бо ҳисоби 3:0 мағлуб карда, ба роҳхати даври финалӣ соҳиб шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...