“Аз ҷангу ҷанҷол хаста шудем”: мулоқоти мӯйсафедони тоҷику қирғиз дар марз

Охири ҳафтаи гузашта, гурӯҳе аз пирони деҳаи Хоҷаи Аълову Сомониёни  Исфара бо ҳамсояҳои қирғизи худ мулоқот кардаанд. Ба иттилои масъулини тоҷик ин мулоқот бо даъвати сокинону мақомоти пулиси Қирғизистон сурат гирифт, ки ҳадафаш ҳамдигарфаҳмӣ, равобити неки ҳамсоядорӣ ва рафъи даргириҳои марзӣ буд. Ин мулоқот дар ҳоле сурат мегирад, ки шаби 27 ба 28-уми январ дар марзи миёни […]

Охири ҳафтаи гузашта, гурӯҳе аз пирони деҳаи Хоҷаи Аълову Сомониёни  Исфара бо ҳамсояҳои қирғизи худ мулоқот кардаанд. Ба иттилои масъулини тоҷик ин мулоқот бо даъвати сокинону мақомоти пулиси Қирғизистон сурат гирифт, ки ҳадафаш ҳамдигарфаҳмӣ, равобити неки ҳамсоядорӣ ва рафъи даргириҳои марзӣ буд.

Ин мулоқот дар ҳоле сурат мегирад, ки шаби 27 ба 28-уми январ дар марзи миёни Исфара ва Қирғизистон даргири хунин сар зад ва аз ду ҷониб даҳҳо нафар захмӣ ва аз Тоҷикистон ду тан кушта дошт.

Асрор Шокиров, вакили деҳаи Хоҷаи Аълои Исфара ва яке аз иштирокчиёни ин мулоқот дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, мулоқот дар чорроҳаи деҳаи Сомониён, қитъаи 275-метра сурат гирифт, ки як ҳафта пештар маҳз дар ин мавзеъ муноқишаи хунин сар зада буд. Вай гуфт, мулоқот бо даъвати сокинони деҳаҳои қирғизнишин ташкил шуда аз ду ҷониб даҳҳо нафар шаҳрвандони мулкӣ ва кормандони мақомоти милитсия иштирок карданд.

“Ҳамсояҳои қирғиз ба мақомоти милисаи Чоркӯҳ пешниҳод кардаанд, ки  шахсони калонсоли деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониёнро даъват кунанд. Гуфтаанд мо безор шудем аз гурез-гурезу ҷангу ҷанҷолу ғурбат ва даъват кардаанд бо пирони мо дарди дил бигӯянд. Мо розӣ шудем, чун ин ҷангу ҷанҷол ба касе лозим нест. Агар ҳамдигарфаҳмӣ кунем кори хуб мешавад”,-гуфт ин вакил.

Дар чанд навори видеоӣ, ки сокинон дар ихтиёри “Азия-Плюс” гузоштанд дида мешавад, ки пирони деҳаи Хоҷаи Аъло бо ҷомаву тоқии Исфара ва ҳамсояҳо дар саркулоҳи қирғизӣ дасти ҳам фишурда аз ҳоли ҳамдигар пурсон мешаванд.

Яке аз пирон дар ин мулоқт даст ба дуо бардошта мегӯяд, “аз ҷангу ҷанҷоли беҳуда Худо ҳамаро нигаҳ дорад” ва ҳамин тавр ҳама омин мекунанд. Пирони қирғиз аз вазъи фарзандону зиндагии тоҷикон пурсон мешаванд.

Хабаргузории қирғизии "Turmush" мулоқоти сокинони деҳаҳои марзиро таъйид карда навиштааст, дар он пирони деҳаҳои Куктош, Оқсой, Тош-Тумшуқ ва сардори ШКД-и ноҳияи Бодканд Алмазбек Шағамурзаев, сардорони ШКД-2 Исфара ва Ворух Анвар Раҳмонзода ва Субҳон Мирализода иштирок карданд.

“Ин вохӯрӣ бо мақсади таҳкими муносибатҳои дӯстона байни аҳолӣ, таъмини амният ва нигоҳ доштани вазъи муътадил дар минтақаи марзӣ барпо шуд. Пирон ибрози ақида карданд, ки аҷдодони онҳо дар ин сарзамин зиндагӣ карда, аз як сарчашма об нӯшида дар ваҳдату ҳамбастагӣ зиндагӣ мекарданд. Барои ин насл низ бояд чунин бошад”.-навиштааст, Turmush

Асрор Шокиров мегӯяд, дар ин мулоқот гурӯҳи начандон зиёди сокинони маҳаллаҳои наздимарзӣ ширкат карданд. Аз ин сабаб, ӯ пешниҳод кардааст, дар мулоқоти минбаъда гурӯҳи зиёди пирону ҷавонони деҳаҳои Оқтатир, Оқсой, Самарқандаки Қирғизистон ва деҳаҳои Чоркӯҳ, Сомониён, Хоҷаи Аъло ва Ворухи Исфара даъват шаванд. “Агар мақсад дӯстӣ бошад, бояд доираҳои зиёди одамон дӯст шаванд”-мегӯяд, вакили деҳаи Хоҷаи Аъло:

“Аз ин пештар бисёр оши-оштӣ гуфта буданд, бисёр корҳоеро кардем ва байни сокинони деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Самарқандак бозии футбол ташкил кардем, аммо натиҷа надод. Ҳамсояҳо гуфтанд, ки мо ҳам монда шудем, масъалаи замин, роҳ дигарро роҳбарият ҳал кунад. Мо халқ дигар баҳс накунем. Ман гуфтам, Шумҳо ба ҷавонони худ насиҳат кунед ин ҷангу ҷанҷол хуб нест”.

Дар ин мулоқот ҳеч қарордод ё санади рамзие байни сокинони деҳаҳои наздимарзӣ имзо нашудааст. Ҷонибҳо даъват кардаад, ҷавононро тарбия намуда муносибатҳои ҳамсоядориро беҳтар кунанд.

Охири моҳи сентябри соли гузашта ва баъди латукӯби як гурӯҳ хонандагони мактаби деҳаи Сомониён аз суйи қирғизҳо низ гурӯҳе аз занони наздимарзӣ мулоқот карда хостори сулҳ ва оштӣ шуда буданд. Восидахон Ҷалолова, яке аз занони фаъоли ҷамоати Чоркӯҳ дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфта буд, мулоқот бо даъвати занони қирғиз доир шуд ва ҷониби Тоҷикистон пешниҳоди ташкили Кумитаи занони фаъолро дар миён гузошт.

“Занони қирғиз пешниҳод карда буданд, ки ба ҳамдигар нафрат накунем, чун тоҷику қирғиз дар ин деҳа аз як кӯча мегузаранд. Бачаҳоро тарбия кунем ва байнашон дигар ҷангу нофаҳмӣ нашавад. Мо ҳам ба онҳо гуфтем, шумо низ бачаҳоро тарбия кунед, дигар нофаҳмиву занозанӣ накунанд, ба касе фоида намеорад”, – гуфта буд, Восидахон Ҷалолова.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.