Тоҷикистон ва Қирғизистон дар соли 2021 боз 81 километр хати лоиҳавии марзро таъйин карданд

Аз 1 майи соли 2021 мувофиқи протоколи №39, байни комиссияҳои топографии Тоҷикистон ва Қирғизистон 8 вохӯрӣ оид ба дақиқ кардани сарҳад доир гардида, боз 81 километри сарҳад таъйин шуд, хабар дод раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе. Ба гуфтаи ӯ, аз моҳи октябри соли гузашта кори […]

Аз 1 майи соли 2021 мувофиқи протоколи №39, байни комиссияҳои топографии Тоҷикистон ва Қирғизистон 8 вохӯрӣ оид ба дақиқ кардани сарҳад доир гардида, боз 81 километри сарҳад таъйин шуд, хабар дод раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе.

Ба гуфтаи ӯ, аз моҳи октябри соли гузашта кори комиссия бо баъзе сабабҳо боздошта шуда, лекин ба наздикӣ бояд дубора кори худро барқарор кунад.

«Имрӯз аз 970 километр марзи муштарак бо Қирғизистон 519 километраш дақиқ шудааст. Корҳои минбаъда барои ҳалли тамоми масъалаҳои марбут ба таъйин ва аломатгузорӣ (делимитатсия ва демаркатсия)-и сарҳад пайваста анҷом дода мешаванд», – гуфт ӯ.

Хоҷазода, ки ҳамзамон роҳбари комиссияи топографии зикршуда аст, изҳор намуд, ки дар кори комиссия манфиатҳои ҳар ду ҷониб – Тоҷикистон ва Қирғизистон ба инобат гирифта мешаванд.

Дар робита ба қитъаи замини масофааш 275 метр, ки атрофи он ҷониби Қирғизистон баҳс мекунад, Ориф Хоҷазода зикр кард, ки ин қитъа бидуни шакк ба Тоҷикистон тааллуқ дорад.

“Мо аз рӯи ҳуҷҷатҳои солҳои 1927 ва 1989 кор карда истодаем ва мутобиқи онҳо, ин қитъа қаламрави Тоҷикистон аст”, – иброз дошт роҳбари Кумита.

Дар Қирғизистон ин мавзеъ “Торт-Кочо” номида шуда, қирғизҳо бар ин назаранд, ки мақоми ин қитъа ҳоло муайян карда нашудааст.

Соли 2009 ин қитъа ба муҳлати 49 сол ба Қирғизистон ба иҷора дода шуд, вале президенти ин кишвар Садир Жапаров ин санадро эътироф намекунад.

Қаблан раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмодзода низ дар ин робита изҳор дошт, ки 275 метр қитъаи роҳи Ош-Исфанаи Қирғизистон, ки аз болои дарёи Исфара ва аз ҳудуди Тоҷикистон мегузарад, замини аслии Тоҷикистон аст”.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, TelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.