Агентии ҳавонавардӣ мегӯяд, билет дар ҳоли арзоншавист. Ҳақиқат чизи дигарест

Asia-Plus

“Мо қотеъона то охир исрор хоҳем варзид, ки нархи билетҳои ҳавопаймо ба Русия дар ҳудуди хароҷот дар хатсайрҳои мазкур муқаррар карда шаванд”, – изҳор дошт зимни нишасти матбуотии имрӯза роҳбари Агентии ҳавонавардии граждании кишвар Икром Субҳонзода.

Қобили зикр аст, ки масъалаи поин бурдани нархи билетҳои ҳавопаймо ба Русия баҳси гарми рӯзноманигорон ва мақомоти авиатсиониро ба бор овард. Гап сари он аст, ки рӯзноманигорон ба саволҳои “чаро ин тавр аст?”, “ба ин кӣ бояд ҷавобгӯ бошад?” ва “дақиқан кай нархҳо поин бурда мешаванд?” посухи мушаххас нагирифтанд. Дар посух Агентӣ танҳо изҳор дошт, ки мухолифи беасос боло бурдани нархи билетҳои ҳавопаймо мебошад.

“Агентӣ ҳамчун мақомоти ваколатдори ҳокимияти давлатӣ, ки ҳавонавардии шаҳрвандиро назорат мекунад, дар ин масъала канор буда наметавонад. Дар ин самт табирҳо роҳандозӣ шуда аллакай натиҷааш ҳам ҳаст ва нархи билетҳои ҳавопаймо поин рафта истодаанд. Ширкатҳои ҳавопаймоӣ расман огоҳ карда шудаанд, ки нарҳоро боло набаранд. Мо ҳатман аз ҳуқуқҳои мусофирони худ ҳимоя мекунем”, – гуфт Субҳонзода.

Ӯ хотиррасон намуд, ки ширкатҳои ҳавопаймоӣ огоҳӣ гирифта буданд, ки  нархи билетҳои ҳавопаймо (ба Русия)-и хатсайрҳои доимӣ ба як самт ва бозпас аз он ҷо набояд аз 500 доллар зиёд бошанд.

Рост аст, ки нарҳо поин рафта истодааанд?

Барои санҷиши гуфтаҳои мансабдор дарҳол пас аз нишасти матбуотӣ мо ба яке аз нуқтаҳои билетфурӯшӣ дар Душанбе занг задем. Дар он ҷо ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки нархҳо ба ҳеҷ гунае тағйир наёфта, баръакс рӯз то рӯз боло мераванд.

“Масалан, арзиши билети хатсайри Душанбе-Маскав, ки рӯзи 14 феврал аз ҷониби ширкати “Уральские авиалинии” анҷом дода мешавад, 6 ҳазору 483 сомониро ташкил медиҳад. Нимаи дуюми моҳи январ билет ҳудуди 6 ҳазор сомонӣ ва то Соли нави мелодӣ – аз 2 то 3 ҳазор сомонӣ (аз 177 то 265 доллар) нарх дошт”, – гуфтанд дар нуқтаи фурӯши билетҳо.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...