Дидори намояндаи доимии Оқохон бо сафири Ҷопон дар Тоҷикистон

Қозидавлат Қоимдодов, Намояндаи доимии Ташкилоти Оқохон дар бахши рушд (AKDN)  бо сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон ҷаноби Аики Тошиҳиро мулоқот кардааст. Ин дидор, рӯзи 9-уми феврал дар дафтари ин намояндагӣ дар Душанбе баргузор шудааст.  Бино ба иттилои дафтари матбуоти AKDN дар мулоқот ҷонибҳо ҳамкориҳои ҳукумати Ҷопонро тавассути JICA ва Ташкилоти Оғохон оид ба  рушд, дар соҳаи маориф, […]

Қозидавлат Қоимдодов, Намояндаи доимии Ташкилоти Оқохон дар бахши рушд (AKDN)  бо сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон ҷаноби Аики Тошиҳиро мулоқот кардааст. Ин дидор, рӯзи 9-уми феврал дар дафтари ин намояндагӣ дар Душанбе баргузор шудааст. 

Бино ба иттилои дафтари матбуоти AKDN дар мулоқот ҷонибҳо ҳамкориҳои ҳукумати Ҷопонро тавассути JICA ва Ташкилоти Оғохон оид ба  рушд, дар соҳаи маориф, тандурустӣ ва кишоварзӣ баррасӣ намуданд.

Дар ин дидор зикр шудааст, ки ҳамкории AKDN ва JICA солҳои тӯлонӣ барои рушди мардуми тоҷик пурсамар ва натиҷабахш арзёбӣ карда мешавад.

"Солҳои 2020-2021 бо шарикии Сафорати Ҷопон, AKDN тавассути хадамоти худ Маркази саломатӣ дар деҳаи Питоби ноҳияи Шуғнон, Маркази саломатӣ дар деҳаи Баҷуви ноҳияи Рӯшон ва Маркази саломатӣ дар ноҳияи Дарвози ВМКБ-и Тоҷикистонро бунёд кардааст. Дар соли 2022 дар назар аст, ки якчанд лоиҳаҳо дар бахши агробизнес дар якҷоягӣ амалӣ карда мешаванд",-хабар медиҳад дафтари матбуоти ин ташкилот.

Дар охир ҷонибҳо омодагиву ҳавасмандии худро барои ҳамкориҳои минбаъда изҳор намуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.