Муҳлати азнавбақайдгирии симкортҳо боз тамдид шуд

Мазҳаб Ҷумъа, Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 12 феврал муҳлати азнавбақайдгирии симкортҳо бо шиносномаҳои нав (ID-корт) то 15 феврали соли 2023  тамдид карда шуд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Хадамоти алоқа хабар доданд.

Ин дар ҳолест, ки пагоҳ – 15 феврал муҳлати бақайдгирии дубораи симкортҳо ба охир мерасид ва то ба ҳол беш аз 2 млн симкорт дубора сабти ном нашудаанд.

Қаблан Хадамоти алоқа ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз дубора тамдид кардани муҳлати сабти симкортҳо изҳори бехабарӣ карда буданд. 

Рӯзи 31 январ Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар бораи дароз шудан ё нашудани муҳлати сабти дубораи симкортҳо бо шиносномаҳои нав (ID-корт) посухи мушаххас надода буд. Муовини сардори ин ниҳод гуфта буд, ки “пеш аз поа чанг нахезонед” ва ба мардум имкон диҳед, ки дар марказҳои хидматрасонӣ SIM-кортҳояшонро дубора ба қайд гузоранд.

Тибқи маълуомти Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, теъдоди умумии корбарони шабакаи умумиҷаҳонии Интернет дар ҷумҳурӣ 4,2 млн нафарро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи Илҳом Атоев, то имрӯз дар Тоҷикистон 5 млн 416 ҳазор симкортҳое, ки бо ID-шиносномаҳо дубора сабтином шудаанд, ба қайд гирифта шуда, 2 млн 412 ҳазору 465 нафар корбарони симкортҳо ҳоло ҳам дар марҳилаи сабти дубора бо шиносномаҳои намунаи соли 2014 қарор доранд. Аз симкортҳое, ки то ҳанӯз дубора сабтином шудаанд, 1,8 млн симкорт фаъоланд.

Таърихчаи азнавбақайдгирӣ

Ёдрас мекунем, ки моҳи феврали соли 2019 ҳукумати Тоҷикистон бо қарори махсус операторои алоқаи мобилии кишварро уҳдадор кард, ки то 15 августи ҳамон сол симкортҳои муштариёнро бо шиносномаҳои коғазии намунаи соли 1999 бо кортҳои идентификатсионӣ (ID-шиносномаҳо)-и намунаи соли 2014 дубора ба қайд гирад. Дар ҳамин ҳол лимит ҷорӣ шуда буд: бо як шиноснома на зиёдтар аз ду симкорт сабтином мешавад.

Лекин мақомот базудӣ фаҳмиданд, ки ивази шиноснома ва дубора сабтином кардани ин миқдор муштариён дар муҳлати кӯтоҳ ғайриимкон аст ва аз ин рӯ, муҳлати сабти дубора то 15 феврали соли 2020 дароз карда шуд. Аммо ним соли иловагӣ ва он ҳам дар шароити пандемияи коронавирус ҳеҷ натиҷаи дилхоҳ надод. Ба ҳукумат лозим омад, ки муҳлати сабти дубораро боз то 15 феврали соли 2022 дароз кунад.

Қаблан “Азия-Плюс” ҳисоб кард, ки агар ин дафъа ҳам симкортҳо пурра дубора сабтином нашаванд, зиёда аз 2 млн нафар тоҷикистониён бе алоқаи мобилӣ монда монда метавонанд ва ин ба талафоти буҷет ба маблағи ҳудуди 500 млн сомонӣ боис шуда метавонад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...