КҲФ: То 16-уми феврал хатари лағзиши тарма ва ях боқӣ мемонад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон огоҳ мекунад, ки  то 16-уми феврал дар ҷумҳурӣ хатари лағзиши тарма ва яхбандӣ боқӣ мемонад. Дар хабари нашршудаи Кумита зикр мегардад, ки дар натиҷаи резиши барф дар ноҳияҳои кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ, навоҳии ғарбии ВМКБ ва роҳҳои мошингарди кӯҳии Душанбе-Чаноқ, Душанбе–Лахш, Душанбе–Рашт, Рашт–Сангвор, Ш.Шоҳин-Дарвоз, Ванҷ – Рӯшон […]

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон огоҳ мекунад, ки  то 16-уми феврал дар ҷумҳурӣ хатари лағзиши тарма ва яхбандӣ боқӣ мемонад.

Дар хабари нашршудаи Кумита зикр мегардад, ки дар натиҷаи резиши барф дар ноҳияҳои кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ, навоҳии ғарбии ВМКБ ва роҳҳои мошингарди кӯҳии Душанбе-Чаноқ, Душанбе–Лахш, Душанбе–Рашт, Рашт–Сангвор, Ш.Шоҳин-Дарвоз, Ванҷ – Рӯшон – Хоруғ, Хоруғ – Ишкошим – Мурғоб, Хоруғ-Ҷилондӣ хавфи лағзиши тарма, резиши санг ва яхбандӣ вуҷуд хоҳад дошт.

“Барои таъмини бехатарии мошинҳо ва ронандагону мусофирон дар роҳҳои мошингард наҷотдиҳандагони воҳидҳои наҷоти КҲФ шабонарӯз навбатдорӣ мекунанд”, – омадааст дар маълумоти Кумита.

Бо муроҷиат ба ронандагон Кумита тавсия медиҳад, ки зимни ҳаракат дар қитъаҳои дорои хатари тармафароӣ эҳтиёткор буда, суръатро баланд накунанд ва масофаи байни воситаҳои нақлиётро қатъиян риоя намоянд.

“Ронандагони муҳтарам! Ҳангоми ҳаракат дар хотир дошта бошед, ки дар роҳи барфпӯш масофаи бозистии автомашина қариб се баробар тӯлонитар мешавад”, – таъкид мекунад Кумита.

Дар ин робита аз шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мешавад, ки дар ин гуна рӯзҳо аз сафарҳои безарурат, рафтан ба мавзеъҳои тармафаро, кӯҳу доманакӯҳҳо барои ҷамъоварии ҳезум, шикоргоҳ ва чорвочаронӣ худдорӣ намуда, бодиққату ҳушёр бошанд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар ҳолати рух додани ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ё техногенӣ шаҳрвандон метавонанд ба телефонҳои 112 ё  93 880 28 19 занг зананд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.