Сафорати Арабистони Саудӣ: “Мо дар Тоҷикистон визаи Ҳаҷ намефурӯшем, раводид ройгон аст””

Asia-Plus

Сафорати Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон бо нашри як изҳорот гуфтааст, ки дарёфти визои ҳаҷҷи умра дар Тоҷикистон ройгон аст ва иттилоъ дар бораи 500 доллар арзиш доштани ин визо ҳақиқат надорад.

Ин изҳоротро сафорати Саудӣ рӯзи 11-уми феврал кардааст, ки нусхае аз он дар ихтиёри "Азия-Плюс" қарор гирифт.

Ин изҳороти сафорат бар пайи як матлаби Радиои "Озодӣ" сурат гирифтааст, ки дар ин матлаб корманди яке аз ширкатҳое, ки зоиринро ба умра мебаранд, гуфтааст, ки $500 доллар аз пуле, ки зоирин месупоранд барои гирифтани визо ва боҷи давлатии Саудӣ масраф мешавад.

Дар изҳороти сафорати Саудӣ гуфта мешавад, ки "торномаи радиои "Озодӣ" рӯзи 5-6 феврал… маводеро таҳти унвони  "Монополия ва монеаҳои сафари ҳаҷҷи умра дар Тоҷикистон" нашр карданд, ки  дар он зикр шудааст, ки  ҳангоми сафари ҳаҷҷи умра  ҳар нафар 500 доллар барои дарёфти раводид  ва боҷи Арабистони Саудӣ пардохт мекунанд".

– Сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон ҷиҳати тавзеҳи мавзуъ, изҳор менамояд, ки  раводиди Ҳаҷҷи умра  аз Сафорат содир мешавад  ва он чи дар хабар омадааст ҳеч асосе надорад. Хусусан роқеъ ба он, ки гӯё Шоҳигарӣ  барои додани раводиди ҳаҷ ва умра маблағе меситонида бошад,-омадаат дар ин изҳорот.

Сафорат дар ин изҳорот таъкид мекунад, ки  раводиди ҳаҷ ва умра барои ҳоҷиёну зоирини Маккаи мукаррама ройгон аст ва раводиди ҳаҷҷи умраро аз сафорат ширкатҳои мутахассис, ки аз Кумитаи дини Тоҷикистон иҷозатнома доранд, бе ягон пардохт  мегиранд.

Бояд гуфт, ки чанде пеш радиои "Озодӣ" дар як матлаби таҳқиқотӣ мавзуъи дар ихтиёри танҳо ду ширкат будани фиристодани зоирин ба умраро таҳқиқ кард. Бино ба ин навишта дар Тоҷикистон танҳо ду ширкат – "Расул-сохтмон" ва "Ормон" ҳаққи бурдани зоиринро ба Арабистони Саудӣ доранд. 

Дар суҳбат бо "Озодӣ" яке аз раҳбаландҳои ширкати "Расул-сохтмон" гуфтааст, ки "аз маҷмӯи 2100 доллар ё 24 ҳазор сомоние, ки то охири соли 2019 барои ҳаҷҷи умра талаб мешуд, ҳудуди 500 доллар виза ва боҷи Арабистони Саудӣ, 800 доллар парвози Душанбе – Дубай – Ҷидда – Дубай – Душанбе ва боқимондаи он харҷи меҳмонхонаву хӯрок ва роҳкирои дохили Арабистони Саудӣ – аз Макка ба Мадина ва мақонҳои дигари муқаддас – мешуд. Агар як шаҳрванд мустақилона сафар кунад, мумкин аст, то 500 доллар сарфа намояд, аммо машаққате мебинад, ки бештар аз 500 доллар аст",- гуфтааст ин роҳбалад.

Изҳороти ахири Сафорати Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки чанд соли ахир мавзуъи ин, ки чаро танҳо ба ду ширкат иҷоза дода мешавад, ки зоиринро ба умра бибаранд ва ширкатҳои дигари сайёҳӣ аз ин ҳақ маҳруманд, доғ шудааст. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...