Футболбозони ҷавони тоҷик дар Ҷоми рушд-2022 зинаи 4-умро ишғол карданд

Мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон (U-16) таҳти роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар мусобиқаи байнулмилалии “Кубок развития” (Ҷоми рушд) дар шаҳри Мински Беларус зинаи 4-умро ишғол намуд. Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар рӯзи охирини вохӯриҳо футболбозони ҷавони тоҷик бо тими мунтахаби Беларус (U-17) барои дарёфти ҷойи сеюм бозӣ карда, бо ҳисоби 0:4 шикаст хӯрданд. […]

Asia-Plus

Мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон (U-16) таҳти роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар мусобиқаи байнулмилалии “Кубок развития” (Ҷоми рушд) дар шаҳри Мински Беларус зинаи 4-умро ишғол намуд.

Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар рӯзи охирини вохӯриҳо футболбозони ҷавони тоҷик бо тими мунтахаби Беларус (U-17) барои дарёфти ҷойи сеюм бозӣ карда, бо ҳисоби 0:4 шикаст хӯрданд.

Дар ҳамин ҳол, ҳамлагари мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Масрур Ғафуров бо 6 тӯби задааш нишонзани беҳтарини ин мусобиқа дониста шуд.

Гуфта мешавад, мунтахаби Исроил (U-17) дар бозии финалӣ бо ҳисоби 3:2 бар тими Беларус (U-16) дастболо шуда, ғолиби мусобиқа гардид. Вақти асосии бозӣ мусовӣ -2:2 анҷом ёфта, дар силсилаи зарбаҳои 11-метра футболбозони Исроил комёб шуданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.