Валентина Матвиенко ба Тоҷикистон меояд

Раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко рӯзҳои 24-25 феврал бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд, хабар медиҳад ТАСС. Раиси Шӯрои Федератсия Валентина Матвиенко бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раисони палатаи болоӣ ва поёнии пурлумони ҷумҳурӣ Рустами Эмомалӣ ва Маҳмадтоир Зокирзода дидору гуфтушунид хоҳад кард. Дар вохӯриҳо масоили ҳамкории мутақобилаи Русия ва Тоҷикистон, инчунин рушди робитаҳои […]

Asia-Plus

Раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко рӯзҳои 24-25 феврал бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд, хабар медиҳад ТАСС.

Раиси Шӯрои Федератсия Валентина Матвиенко бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раисони палатаи болоӣ ва поёнии пурлумони ҷумҳурӣ Рустами Эмомалӣ ва Маҳмадтоир Зокирзода дидору гуфтушунид хоҳад кард.

Дар вохӯриҳо масоили ҳамкории мутақобилаи Русия ва Тоҷикистон, инчунин рушди робитаҳои байнипарлумонии байни кишварҳо мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Иштироки Валентина Матвиенко дар Форуми байнипарлумонии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ байни минатқаҳои ҳар ду кишвар дар назар аст.

Раиси Шӯрои федератсия ҳамчунин аз майдон сохтмони мактаби Русия, ки дар Душанбе ҷараён дорад, низ боздид мекунад.

Ба ҳайати Русия як гурӯҳи сенаторон, намояндагони вазорату идораҳои бахши иқтисодӣ ва соҳибкорони Русия шомиланд.

Моҳи ноябри соли 2020 раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Маскав бо Валентина Матвиенко дидору гуфтушунид карда, ӯро даъват намуда буд, ки бо сафари расмӣ аз Тоҷикистон боздид кунад.

Қобили зикр аст, ки пеш аз ин сафар Матвиенко моҳи октябри соли 2016 ба Тоҷикистон омада буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.