Дар ҷануби кишвар бинои як мактаб дар вақти дарс фурӯ рехт

Ин ҳодиса нимаи дуюми рӯзи 11 феврал дар мактаби №31 деҳаи Ваҳдати ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон ҳангоми дарсҳо рух додааст. Қисмате аз боми бино чаппа шуда, сипас деворҳо вайрон шудаанд. Хабарнигори “Азия-Плюс” рӯзи 12 феврал аз ҷойи ҳодиса боздид намуд. Дар ин ҷо бартараф намудани оқибатҳои ҳодиса ҷараён доштанд. Ба мо муяссар шуд, ки […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Ин ҳодиса нимаи дуюми рӯзи 11 феврал дар мактаби №31 деҳаи Ваҳдати ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон ҳангоми дарсҳо рух додааст. Қисмате аз боми бино чаппа шуда, сипас деворҳо вайрон шудаанд.

Хабарнигори “Азия-Плюс” рӯзи 12 феврал аз ҷойи ҳодиса боздид намуд. Дар ин ҷо бартараф намудани оқибатҳои ҳодиса ҷараён доштанд.

Ба мо муяссар шуд, ки бо мудири мактаб Мустафо Балаҷонов ҳамсуҳбат шавем.

“Рӯзи ҷумъа тахминан соати панҷ хонандагони синфи 7 мушоҳида мекунанд, ки андоваи деворҳои синф афтода истодаанд ва ба омӯзгор хабар медиҳанд. Ӯ дарҳол хонандагонро аз бино берун мебарад. Ҳеҷ касе аз онҳо осеб надидааст”, – иброз дошт вай.

Ба гуфтаи ӯ, аввал боми бино фурӯ рехта, баъдан деворҳо афтодаанд: кабинети директор, як синф ва кабинети омӯзгорон тахриб шудааст.

Мудири мактаб зикр кард, ки бино аз 8 синф иборат буда, дар он 258 нафар толибилмон таҳсил мекарданд. Бинои мактаб соли 1957 ба истифода дода шуда, дар ҳолати садамавӣ қарор доштааст.

Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷомӣ Ҳасан Табаров, ки дар ҷойи ҳодиса қарор дошт, ба “Азия-Плюс” изҳор намуд, ки бино дарвоқеъ ҳам дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, онро тахриб карданӣ буданд.

“Соли 2021 дар 9 мактаби миёнаи ноҳияи 23 синфи иловагӣ сохта шуда, айни замон дар 7 мактаби дигар сохтмони 21 чунин синф идома дорад. Дар 7 мактаби ноҳия қисмате аз биноҳо садамавианд ва дар онҳо низ сохтмони 14 синфро оғоз намудем”, – мегӯяд Табаров.

Аммо на мудири мактабу на роҳбари шуъбаи маорифи ноҳия шарҳ надоданд, ки чаро дар бинои садамавии мактаб хонандагон ба таҳсили худ идома медоданд.

Дар баробари ин дар ҷойи ҳодиса ба вазъияти хеле ноҳинҷор дучор шудем. Агар хонандагон саривақт фурӯравии деворро намедиданд, чӣ мешуд?

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.

Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.