Дар Туркманистон интихоботи ғайринавбатии президентӣ доир мегардад

Интихоботи ғайринавбатии президенти Туркманистон 12 марти соли равон баргузор мешавад, хабар додааст ба РИА Новости ёвари раиси Комиссияи марказии интихоботи ин кишвар Безирген Қараев. Чанде пеш дар ҷаласаи ғайринавбатии палатаи болоии парлумон – Халқ Маслиҳати (Шӯрои халқӣ) президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов изҳор доштааст, ки акнун ба ҷавонон имкон додан лозим аст, ки идоракунии давлатро ба […]

Asia-Plus

Интихоботи ғайринавбатии президенти Туркманистон 12 марти соли равон баргузор мешавад, хабар додааст ба РИА Новости ёвари раиси Комиссияи марказии интихоботи ин кишвар Безирген Қараев.

Чанде пеш дар ҷаласаи ғайринавбатии палатаи болоии парлумон – Халқ Маслиҳати (Шӯрои халқӣ) президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов изҳор доштааст, ки акнун ба ҷавонон имкон додан лозим аст, ки идоракунии давлатро ба дасти худ гиранд.

Таврк ки ВАО-и Туркманистон хабар медиҳанд, “дар ин робита ба раиси Комиссияи марказӣ оид ба баргузории интихобот ва раъйпурсӣ супориш дода шудааст, ки мувофиқи Конститутсия ва қонунгузории Туркманистон ба корҳои омодагӣ ва баргузории ин маърака оғоз кунад”.

“Тибқи дастурҳои президенти Туркманистон, Комиссияи марказии интихоботи кишвар ба корҳои омодагӣ барои баргузории интихоботи ғайринавбатии президентӣ, ки 12 март баргузор мешавад, шурӯъ намуд, – гуфтааст ба РИА Новости тариқи телефон ёвари роҳбари Комиссия.

Президенти Туркманистон шаҳрванди Туркманистон интихоб шуда метавонад, ки аз синнаш 40-сола кам  нест, забони давлатиро медонад, камаш 15 соли охир дар Туркманистон кору зиндагӣ карда бошад.

Президенти Туркманистон бевосита аз ҷониби халқи Туркманистон ба муҳлати 7 сол интихоб шуда, аз замон савганд ёд кардан ба иҷрои вазифа шурӯъ мекунад.

Қобили зикр аст, ки маъракаи охирини интихоботи президенти Туркманистон соли 2017 баргузор шуда буд. Тибқи қонун инихоботи навбатӣ бояд соли 2024 доир мегардид.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.

Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.

Пайвандсозии узви инсон. Оё вақти иҷозаи истифода аз “донор”-и бегона фаро расидааст?

Имрӯз пайвандсозии узви инсон дар кишвар танҳо аз хешовандони наздик иҷоза аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.