Соли 2021 қарз аз маош дар Тоҷикистон 57% кам шуд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Қарзи умумӣ аз музди меҳнат дар Тоҷикистон бо дарназардошти бақияи солҳои гузашта ба аввали соли 2022 зиёда аз 36,6 млн сомонӣ (3,2 млн доллар)-ро ташкил дод, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти Тоҷикистон.

Аз ҷумла қарзҳои ҷамъшуда дар соли 2021 ба ҳудуди 9,8 млн сомонӣ (870 ҳазор доллар) баробар аст.

Ҳаҷми умумии қарзи ҷамъшуда аз маош давоми соли 2021 ба андозаи 48,2 млн сомонӣ (4,3 млн доллар) кам шудааст. Аввали сол маблағи умумии ин қарзҳо 84,8 млн сомониро ташкил дода буданд.

Тамоили коҳиши ҳаҷми қарз аз музди меҳнат пас аз болоравии босуръат дар соли 2020 аз моҳи феврали соли гузашта оғоз шуд.

“Камшавии  қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат  дар  ҳамаи  намудҳои  фаъолияти  иқтисодии  бахши  воқеӣ  ба  қайд  гирифта шудааст”, – зикр мекунанд дар Агентии омор.

Қарзи нисбатан зиёдтар аз пардохти маош дар соҳаҳои истихроҷи канданиҳои фоиданок – 14,6 млн сомонӣ, саноати коркард – 6,6 млн сомонӣ ва сохтмон – 5 млн сомонӣ ба қайд гирифта шудааст. Ба ин соҳаҳо зиёда аз 70% аз ҳаҷми умумии қарз рост меояд.

Дар охири соли 2021 музди  меҳнати моҳонаи номиналӣ ба ҳисоби миёна дар ҷумҳурӣ тибқи маълумоти расмӣ, 1812 (160 доллар) ва ҳадди ақал – 400 сомонӣ (35 доллар)-ро ташкил медиҳад.

Музди меҳнати нисбатан баланд дар Тоҷикистон ба кормандони бонкҳо ва ширкатҳои суғурта пардохт мешавад, ки маоши миёнаи онҳо 5853 сомонӣ (520 доллар)-ро ташкил медиҳад.

Музди меҳнати нисбатан пасттарро кормандони бахши кишоварзӣ мегиранд, ки ба 750 сомонӣ (66 доллар) баробар аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...